ВОСЕЪ: БОЗДИД АЗ НАШЪУНАМОИ ПАХТА ВА КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САФОЛ”
19 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар хоҷагии деҳқонии "Сафол"-и ҷамоати деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ бо нашъунамои пахта ва кишти такрорӣ шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии хоҷагӣ 28 гектар замин буда, дар 20 гектар пахта, 0,50 гектар пиёз, 0,50 гектар картошка ва 7 гектар гандум кишт шудааст.
Ҳадаф аз боздид таҳкими тадбирҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин ва дастгирии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳоло пахта нашъунамои хуб дошта, дар сурати риояи талаботи агротехникӣ, хоҷагидорон аз ҳар гектар ҳосили хуб ба даст меоранд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо кишоварзон таъкид намуд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин, кишти такрорӣ ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти босифат бояд дар меҳвари фаъолият қарор гирад. Дар ин замина, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва мутобиқ ба иқлими маҳаллӣ ҳамчун омили калидии баланд бардоштани ҳосилнокӣ арзёбӣ шуд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи васеи ҳукумат ба кишоварзон баён доштанд, имсол дар вилояти Хатлон дар майдони 124,5 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад, ки ин ин шумор 41 ҳазор гектараш бо усули нави зери плёнка кишт карда мешавад.
Хабарҳои дигар
ВОСЕЪ: БОЗДИД АЗ НАШЪУНАМОИ ПАХТА, САБЗАВОТҲО ВА КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “СИНО-2010”
19 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти ба номи А.Авазови ноҳияи Восеъ аз нашъунамои пахта, сабзавотҳо ва кишти такрорӣ дар
Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ
13-уми июн раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷараёни ҷамъоварӣ ва содироти мева, нашъунамои пахта
ВОСЕЪ: БОЗДИД АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПИЁЗ, КАРТОШКА, САБЗӢ ВА НАШЪУНАМОИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ҲОҶӢ ПАРТОВ”
19 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ аз рафти ҷамъоварии ҳосили пиёз, картошка, сабзӣ ва нашъунамои
ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
Имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили картошка
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
Субҳи имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии “Иброҳим”, воқеъ дар деҳаи

















