Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ
13-уми июн раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷараёни ҷамъоварӣ ва содироти мева, нашъунамои пахта ва кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намуд.
Ҳадаф аз боздид таҳкими тадбирҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин ва дастгирии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ арзёбӣ мегардад.
Зимни боздид аз боғи шафтолуи хоҷагии ёрирасони сокини ноҳия Исфандиёр Қадамов иттилоъ дода шуд, ки дар майдони 1,2 гектар боғи шафтолу бо усули муосири агротехникӣ парвариш меёбад. Маҳсули ин боғ на танҳо дар бозорҳои маҳаллӣ, балки дар хориҷи кишвар низ харидорони худро пайдо кардааст. То кунун зиёда аз 400 килограмм шафтолу ба Федератсияи Русия содирот гардидааст.
Қайд гардид, ки аз 550 гектар боғи мавҷуда дар ноҳия 500 гектараш ба содирот нигаронида шудааст.
Раиси вилоят бо изҳори қаноатмандӣ аз фаъолияти боғпарвар таъкид дошт, ки истифодаи самараноки ҳар порча замин ва парвариши боғҳои нав бо истифода аз таҷриба ва технологияи замонавӣ заминаи рушди устувори соҳа мебошад.
Ҳамзамон, раиси вилоят Давлаталӣ Саид аз ҳолати нашъунамои пахта ва кишти такрорӣ дар хоҷагии деҳқонии Тӯрахон Исанқулов боздид намуд. Дар хоҷагӣ, ки соли 1932 таъсис ёфтааст ва дорои 255 гектар замин мебошад, имсол дар 150 гектар пахта кишт шудааст. Пахтаи навъи чинӣ, ки мутобиқ ба иқлими маҳаллӣ аст, нашъунамои хуб дорад. Ҳамчунин, баъди ҷамъоварии ғалладона дар 2 гектар кишти такрории ҷуворимакка ба роҳ монда шудааст. Мувофиқи иттилоъ, дар сурати риояи талаботи агротехникӣ, хоҷагидорон аз ҳар гектар то 55 сентнер ҳосил мегиранд.
Раиси вилоят дар суҳбат бо кишоварзон таъкид намуд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин, кишти такрорӣ ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти босифат бояд дар меҳвари фаъолият қарор гирад. Дар ин замина, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва мутобиқ ба иқлими маҳаллӣ ҳамчун омили калидии баланд бардоштани ҳосилнокӣ арзёбӣ шуд.
Хабарҳои дигар
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ БОҒИ ИНТЕНСИВӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БОБОИ ШАМС”
28 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо нашъунамои боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии “Бобои Шамс”
РАИСИ ВИЛОЯТ БО ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИҲОИ КИШОВАРЗИИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ШИНОС ШУД
12 июн раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Левакант аз фаъолияти як қатор хоҷагиҳои пешқадами соҳаи кишоварзӣ
Боздид аз ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон ва хоҷагии деҳқонии Эмоми Аъзам дар ноҳияи Данғара
16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ
Боздид аз боғи Хоҷагии деҳқонии «Умеда»-и ноҳияи Файзобод
28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Файзобод ташриф оварда, нахуст дар деҳаи Дурахшони деҳоти
ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ, СИРПИЁЗ ВА ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА
Имрӯз, 19 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён аз рафти нашъунамои пиёзи




























