МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » РАИСИ ВИЛОЯТ БО ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИҲОИ КИШОВАРЗИИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ШИНОС ШУД

РАИСИ ВИЛОЯТ БО ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИҲОИ КИШОВАРЗИИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ШИНОС ШУД

13-06-2025, 07:41
86
0
12 июн раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Левакант аз фаъолияти як қатор хоҷагиҳои пешқадами соҳаи кишоварзӣ боздид ба амал овард.
Дар ҷараёни сафар раиси вилоят нахуст аз хоҷагии боғпарварии ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ дидан намуд.
Ин хоҷагиро, ки дар масоҳати 5,3 гектар замин боғи серҳосили мевадиҳанда бунёд гардидааст, боғпарвари соҳибтаҷриба Назиров Ҷомӣ роҳбарӣ мекунад.
Дар хоҷагӣ асосан навъҳои гуногуни себ, шафтолу, зардолу, олу ва биҳӣ парвариш меёбанд. Айни замон хоҷагӣ дорои 10 саҳмдор буда, маҳсулоти он ҳам барои бозори дохилӣ ва ҳам барои содирот ба хориҷи кишвар нигаронида шудааст.
Раиси вилоят фаъолияти ин хоҷагии намунавиро дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи боғдорӣ арзишманд арзёбӣ карда, ба роҳбарият ва саҳмдорони он барои боз ҳам беҳтар намудани натиҷаҳои меҳнатӣ тавсияҳои мушаххас дод.
Сипас, Давлаталӣ Саид аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии Бобои Искандар, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант боздид намуд. Дар ин хоҷагӣ дар мавсими ҷорӣ дар масоҳати 6 гектар замин пахта кишт гардидааст. Раиси вилоят бо ҷараёни кор дар заминҳои кишт, ҳолати нашъунамои пахта ва тадбирҳои агротехникӣ шинос шуда, дастур дод, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи самараноки захираҳои об ва коркарди босифати замин тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Дар рафти боздид раиси вилоят ҳамчунин ба масъулони соҳа ҷиҳати дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, таъмини шароити мусоид барои фаъолияти онҳо ва истифодаи пурраи имкониятҳои мавҷудаи аграрӣ дастуру супоришҳо дод.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
БОЗДИДИ ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «САВЛАТБЕК»
БОЗДИДИ ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «САВЛАТБЕК»
Дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Савлатбек», ки дар ҷамоати
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ САҲРОӢ ДАР НОҲИЯҲОИ ХУРОСОН ВА АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ШИНОС ШУДАНД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ САҲРОӢ ДАР НОҲИЯҲОИ ХУРОСОН ВА АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ШИНОС ШУДАНД
6 апрел, бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияҳои Хуросон ва
ДӮСТӢ. РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ БОЗДИД КАРД
ДӮСТӢ. РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ БОЗДИД КАРД
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамчунин аз рафти корҳои саҳроӣ ва кишоварзӣ дар як қатор хоҷагиҳои
ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ НИҲОЛ ВА ГУЛПАРВАРИИ «АБДУКАРИМ» БОЗДИД КАРД
ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ НИҲОЛ ВА ГУЛПАРВАРИИ «АБДУКАРИМ» БОЗДИД КАРД
12 июн раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба яке аз хоҷагиҳои муваффақи соҳаи ниҳолпарварӣ ва гулпарварии минтақа хоҷагии
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БАЛАНДСАР”
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БАЛАНДСАР”
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Баландсар”, воқеъ дар деҳаи