ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ НИҲОЛ ВА ГУЛПАРВАРИИ «АБДУКАРИМ» БОЗДИД КАРД
12 июн раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба яке аз хоҷагиҳои муваффақи соҳаи ниҳолпарварӣ ва гулпарварии минтақа хоҷагии «Абдукарим»-и шаҳри Левакант ташриф овард.
Хоҷагӣ дар ҳудуди 3 гектар замин ҷойгир буда, роҳбарии онро Шомуродов Қувваталӣ ба зимма дорад. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар хоҷагӣ ҳамасола беш аз 15 то 20 ҳазор ниҳолҳои ороишӣ ва мевадиҳанда, инчунин тақрибан 40 ҳазор гул ва буттаҳои ороишӣ парвариш ва ба фурӯш бароварда мешаванд.
Раиси вилоят зимни боздид фаъолияти хоҷагиро мусбат арзёбӣ намуда, саҳми онро дар таъмини бозори вилоят бо ниҳолу гулҳои маҳаллӣ ва рушди иқтисодиёти сабз таъкид кард.
Хабарҳои дигар
РАИСИ ВИЛОЯТ БО ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИҲОИ КИШОВАРЗИИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ШИНОС ШУД
12 июн раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Левакант аз фаъолияти як қатор хоҷагиҳои пешқадами соҳаи кишоварзӣ
БОЗДИДИ ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «САВЛАТБЕК»
Дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Савлатбек», ки дар ҷамоати
ДӮСТӢ. РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ БОЗДИД КАРД
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамчунин аз рафти корҳои саҳроӣ ва кишоварзӣ дар як қатор хоҷагиҳои
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “СУРУШ” ДИДАН КАРД
Дар идомаи сафари корӣ Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ба ноҳияи Ховалинг аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Суруш”, воқеъ дар деҳаи
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ГАРМХОНАҲОИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ЯХАКПАСТ»
Имрӯз, 18 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз самаранок истифодабарии замин дар гармхонаҳои












