МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ВОСЕЪ: БОЗДИД АЗ НАШЪУНАМОИ ПАХТА, САБЗАВОТҲО ВА КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “СИНО-2010”

ВОСЕЪ: БОЗДИД АЗ НАШЪУНАМОИ ПАХТА, САБЗАВОТҲО ВА КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “СИНО-2010”

20-06-2025, 05:18
54
0
19 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти ба номи А.Авазови ноҳияи Восеъ аз нашъунамои пахта, сабзавотҳо ва кишти такрорӣ дар хоҷагии деҳқонии “Сино-2010” боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки майдони умумии хоҷагӣ 20 гектар замин буда, дар 14 гектар пахта, 2 гектар помидор, 1 гектар сирпиёз кишт намуда, дар 3 гектар кишти такрорӣ гузаронидааст.
Ба гуфтаи мутахассисон, нашъунамои пахта хуб буда, гузаронидани саривақтии корҳои агротехникӣ ва коркарди байниқаторӣ заминаи хубро барои нашъунамо фароҳам овардааст. Хоҷагии мазкур ҳамасола бо бардоштани ҳосили фаровон дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ нақши назаррас дорад.
Бино ба таъкиди раиси вилоят Давлаталӣ Саид, кишоварзону саҳмдорон вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд масъулияти зиёдтар дошта бошанд ва барои таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ саҳми бештар гузоранд.
Қобил ба зикр аст, ки дар ноҳияи Восеъ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, аз ҳисоби заминҳои бекорхобида майдони кишти картошкаву пиёз ва дигар зироати ғалладонагиҳо зиёд карда шудааст.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ВОСЕЪ: БОЗДИД АЗ НАШЪУНАМОИ ПАХТА ВА КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САФОЛ”
ВОСЕЪ: БОЗДИД АЗ НАШЪУНАМОИ ПАХТА ВА КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САФОЛ”
19 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар хоҷагии деҳқонии "Сафол"-и ҷамоати деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ бо
ВОСЕЪ: БОЗДИД АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПИЁЗ, КАРТОШКА, САБЗӢ ВА НАШЪУНАМОИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ҲОҶӢ ПАРТОВ”
ВОСЕЪ: БОЗДИД АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПИЁЗ, КАРТОШКА, САБЗӢ ВА НАШЪУНАМОИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ҲОҶӢ ПАРТОВ”
19 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ аз рафти ҷамъоварии ҳосили пиёз, картошка, сабзӣ ва нашъунамои
ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ, СИРПИЁЗ ВА ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА
ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ, СИРПИЁЗ ВА ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА
Имрӯз, 19 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён аз рафти нашъунамои пиёзи
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ САБЗӢ ВА ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ САБЗӢ ВА ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ
13 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷамъоварии ҳосили сабзӣ ва нашъунамои пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии “Меваҳои Истиқлолият”,
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
Субҳи имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии “Иброҳим”, воқеъ дар деҳаи