МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ВОСЕЪ: БОЗДИД АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПИЁЗ, КАРТОШКА, САБЗӢ ВА НАШЪУНАМОИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ҲОҶӢ ПАРТОВ”

ВОСЕЪ: БОЗДИД АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПИЁЗ, КАРТОШКА, САБЗӢ ВА НАШЪУНАМОИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ҲОҶӢ ПАРТОВ”

20-06-2025, 05:20
64
0
19 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ аз рафти ҷамъоварии ҳосили пиёз, картошка, сабзӣ ва нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Партов” дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии хоҷагӣ 18 гектар буда, дар 4 гектар гандум, 0,50 гектар пиёз, 0,50 гектар картошка ва 13 гектар пахта кишт намудааст.
Ҳоло деҳқонон ба ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ машғул буда, аз ҳосили бадастомада қаноатманд мебошанд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо деҳқонон суҳбати самимӣ намуда, саҳми онҳоро дар таъмини амнияти озуқавории кишвар бориз арзёбӣ намуданд.
Раиси вилоят ба фаъолияти кишоварзону аҳолии ноҳия дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки дар вазъи норасоии маводи ғизоӣ дар як қатор давлатҳои ҷаҳон, тағйирёбии иқлиму камобӣ чунин кӯшишҳои кишоварзон имкон медиҳад, ки талаботи аҳолӣ бо маводи ғизоии истеҳсоли худӣ таъмин карда шавад.
Обу хоку иқлими хос ба картошкапарварӣ, истифодаи оқилонаи заминҳои кишоварзӣ, қитъаҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ - заминҳои Президентӣ, қитъаҳои замини назди корхонаю муассисаҳо, истифодаи тухмиҳои ба иқлими ноҳия мутобиқи серҳосил, риояи агротехника, кордонию таҷриба, донишу маҳорати кишоварзону сокинони ноҳия ба афзун намудани истеҳсоли маводи асосии ғизоӣ равона гардидааст.
 
Хабарҳои дигар
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
Субҳи имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии “Иброҳим”, воқеъ дар деҳаи
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ САБЗӢ ВА ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ САБЗӢ ВА ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ
13 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷамъоварии ҳосили сабзӣ ва нашъунамои пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии “Меваҳои Истиқлолият”,
ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
Имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили картошка
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САХОВАТ”
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САХОВАТ”
30 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти ҷамъоварии картошка ва намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Саховат», воқеъ дар
ВОСЕЪ: БОЗДИД АЗ НАШЪУНАМОИ ПАХТА ВА КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САФОЛ”
ВОСЕЪ: БОЗДИД АЗ НАШЪУНАМОИ ПАХТА ВА КИШТИ ТАКРОРӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САФОЛ”
19 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар хоҷагии деҳқонии "Сафол"-и ҷамоати деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ бо