МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САВДО ВА ТОЛОРИ ВАРЗИШ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САВДО ВА ТОЛОРИ ВАРЗИШ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ

14-03-2025, 15:10
36
0
 
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ бо суръати баланд идома дошта, иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор мегиранд.
Имрӯз, 14 март, дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ Маркази савдо ва толори варзишӣ ба истифода дода шуд. Дар расми ифтитоҳи иншооти мазкур раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуданд.
Маркази савдои "Дӯстӣ" бинои дуошёна буда, дар қабати якуми он мағозаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ ва ашёи рӯзгор ҷойгир мебошад. Дар қабати дуюм соҳибкори маҳаллӣ тасмим гирифтааст, ки фурӯши таҷҳизоти техникиро ба роҳ монад. Дар зербинои иншоот толори варзишӣ бо лавозимоти муосир мавҷуд буда, барои наврасону ҷавонон шароити мусоиди машқу тамрин фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин, дар ин ҷо толори варзишии дигар низ фаъолият хоҳад кард, ки барои омода кардани наврасону ҷавонон аз рӯи намуди гӯштини миллӣ пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи масъулин, толорҳои варзишӣ дар ду баст фаъолият намуда, дар ҳар баст то 30 нафар метавонанд ба машқу тамрин машғул шаванд.
Иншооти мазкур дар масоҳати умумии тақрибан 2,5 сотих замин бо харҷи беш аз 750 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Ҳамзамон, бо мавриди истифода қарор гирифтани Маркази савдои "Дӯстӣ" 8 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муайян таъмин шуданд.
Зимни боздид аз Маркази савдо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба соҳибкори маҳаллӣ тавсия доданд, ки сатҳу сифати хизматрасониро баланд бардошта, фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи аҳолӣ ба роҳ монанд.
Татбиқи чунин иқдомҳо дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ на танҳо барои беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ, балки барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунад.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулон ва соҳибкорони маҳаллӣ таъкид намуданд, ки чунин иншоотҳо бояд на танҳо барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ, балки барои рушди соҳибкории хурду миёна ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ низ мусоидат намоянд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.
Бо мақсади ҷалби бештари сокинон ба фаъолияти варзишӣ ва рушди гӯштини миллӣ масъулин вазифадор шуданд, ки шароити муосири тамринро фароҳам оваранд ва мураббиёни ботаҷрибаро ҷалб намоянд. Қайд карда шуд, ки ташкили чунин толорҳо барои таъмини солимии ҷавонон ва омода намудани варзишгарони касбӣ мусоидат хоҳад кард.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР БОХТАР
ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР БОХТАР
8 ноябр дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон шаҳри Бохтар раиси вилоят Давлаталӣ Саид
Ифтитоҳи маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар шаҳри Хуҷанд
9 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншоот дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки
Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Норак
Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Норак
30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии шаҳри Норакро бо 10 ҳазор ҷойи нишаст мавриди
БОХТАР: ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ МАШҚУ ТАМРИН «ФИТНЕС-КЛУБ»
БОХТАР: ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ МАШҚУ ТАМРИН «ФИТНЕС-КЛУБ»
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон имрӯз дар шаҳри Бохтар раиси вилоят Давлаталӣ Саид
Ифтитоҳи Меҳмонхона ва Маркази савдои “Сайёҳ” дар ноҳияи Сангвор
Ифтитоҳи Меҳмонхона ва Маркази савдои “Сайёҳ” дар ноҳияи Сангвор
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор Маркази савдо ва Меҳмонхонаи “Сайёҳ”-ро, ки дар