МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ВАХШ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ, БОЗДИД АЗ ДАЙРИ БУДДОИИ АҶИНАТЕППА

ВАХШ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ, БОЗДИД АЗ ДАЙРИ БУДДОИИ АҶИНАТЕППА

5-02-2025, 06:10
53
0
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, 4 феврал раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати шаҳраки Зарнисори ноҳияи Вахш дар маъракаи ниҳолнишонӣ иштирок намуданд.
Раиси вилояти Хатлон бо шинондани аввалин ниҳол ба ин маъракаи кабудизоркунӣ ҳусни оғоз бахшида, масъулинро ба вусъат бахшидани маъракаи ободониву сабзухуррамгардонӣ дар ҳудуди ноҳия даъват намуданд.
Инчунин, раиси вилоят аз нахустин ёдгории буддоӣ дар Осиёи Миёна – Дайри Буддоии Аҷинатеппа боздид намуда, барои ободу зебо намудан ва шинонидани дарахтони ороишӣ дар атрофи он ба масъулин дастур доданд.
"Аҷинатеппа" боқимондаи ёдгори меъмории дини буддоӣ буда, мувофиқи таҳқиқи бостоншиносон, бутхона дар нимаи дуюми асри VII ва ибтидои асри VIII фаъолият дошт.
Бояд зикр намуд, ки ёдгории мазкур дар асоси лоиҳа аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд таъмир ва ба як макони сайёҳӣ табдил дода мешавад.
Сипас, дар ҷамоати мазур раиси вилоят аз хоҷагии пиллапарвар дидан намуда, дарахти тут шинониданд.
Тибқи иттилоъ хоҷагӣ дорои 5 гектар замин буда, хоҷагидор ҳудуди 5000 дарахти тут аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид намуда, шинонидааст.
Бояд зикр намуд, ки то имрӯз дар вилояти Хатлон 401020 бех дарахт шинонида шудааст, ки 80,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Шинонидани дарахт ва бунёди боғу гулгаштҳо ба авзои экологӣ таъсири амиқи худро гузошта, муҳити зистро бо ҳавои тоза, ки асоси ҳастии ҳаёт ба он вобаста аст, ғанӣ мегардонад.
Ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат, бахусус вилояти Хатлон, маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба як иди сарсабзу хуррамгардонии ҳақиқӣ табдил ёфта, махсусан вобаста ба хурраму сердарахт гардонидани таллу теппаҳо мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ХАТЛОН
ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ХАТЛОН
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон
ДАРАХТИ МАН САРСАБЗИИ ТОҶИКИСТОН АСТ!
ДАРАХТИ МАН САРСАБЗИИ ТОҶИКИСТОН АСТ!
Имрӯз, 25 январ, дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар назди бинои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон баргузор гардид, бо иштироки
ДӮСТӢ: РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ИШТИРОК НАМУДАНД
ДӮСТӢ: РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ИШТИРОК НАМУДАНД
Дар Дӯстӣ имрӯзҳо корҳои ободониву созандагӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити зист бомаром идома дорад. Имрӯз, 31 январ, дар идома аз ин тадбир бо
ИШТИРОК ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ВА БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
ИШТИРОК ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ВА БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Имрӯз, 31 январ, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Тахти сангини ноҳияи Қубодиён дар маъракаи ниҳолшинонӣ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БА МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИДАНД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БА МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИДАНД
Рӯзи 4 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ва дигар