ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲИ ВОҲИДИ ТАЪИНОТИ МАХСУСИ ЗИДДИТЕРРОРИСТИИ “АЛФА”
Имрӯз, 26 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар ба Воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлонро рафта, ҳайати шахсиро ба Соли нави мелодӣ шодбош гуфтанд.
Бояд зикр намуд, ки 14 декабри соли 2023 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бинои воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон мавриди истифода қарор дода шуд. Бинои воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористӣ аз инфрасохтори муосири соҳавӣ иборат буда, дар он барои кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат шароити мусоиди фаъолият муҳайё шудааст.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ кормандонро барои хизмати софдилона бар нафъи давлату миллат ва таъмини амнияти шаҳрвандон ҳидоят карданд.
Ҷойи зикр аст, ки «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо ибтикор ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 апрели соли 1994 ба фаъолият оғоз намуд. Маҳз бо дастгириҳои Сарвари давлати Тоҷикистон, имрӯз воҳидҳои таъйиноти махсуси зиддитеррористии «Алфа» аз ҷиҳати таъминоти ҷангию техникӣ дар байни сохторҳои қудратии мамлакат яке аз ҷойҳои намоёнро соҳиб гардидааст.
- Манфиатҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат имрӯзҳо дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифаҳои мураккаберо ба миён мегузорад. Донишу малакаи ҳарбӣ ва шуҷоату худшиносӣ аз омили муҳими нигаҳдории давлати соҳибистиқлол мебошад. Зеро марзбонон бо неруҳои қавӣ ва муташаккилу мусаллаҳи фаромиллӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Барои манфиатҳои миллӣ ва сиёсӣ кишварҳои бузург ҳама гуна василаҳоро истифода менамоянд. Дарвоқеъ, зарбаи аввалини душманро маҳз марзбонони шуҷои Ватан ба худ мегиранду намехоҳанд ҳеҷ душмане ва ё бадхоҳи аҷнабие ба хоки Ватан қадами нопок гузорад. Марзбонони тоҷик дар ҳақиқат ҷоннисори Ватан мебошанд. Онҳо дар муҳофизати марз шабу рӯз бедору ҳушёр мебошанд ва кулоҳу либоси сабзи онҳо тимсол ва рамзи сарсабзӣ ва оромии давлатамон мебошад, - афзуд раиси вилояти Хатлон.
Хабарҳои дигар

Ифтитоҳи Маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон Маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи

РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД АЪЗОИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ФФТ ИНТИХОБ ШУД
Имрӯз, 14 декабр дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» дар доираи Конгресси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳайати нави

ҲАМАДОНӢ: РАИСИ ВИЛОЯТ ДУ ПУЛИ МОШИГУЗАРРО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
5 сентябр, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва сардори

ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МАКТАБИ РАҚАМИ 10
5 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ Ҷурахон дар деҳоти

ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ КОРКАРДИ САНГУ ШАҒАЛИ ҶДММ «САНГШИКАНИ ҲАМАДОНӢ»
5 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ Ҷурахон дар ҷамоати деҳоти