МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Ифтитоҳи Маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Ифтитоҳи Маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

1-11-2024, 14:33
127
0
1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон Маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуда, мавриди истифода қарор доданд.
Зимни шиносоӣ бо ин маркази бисёрфунксионалӣ аён гардид, ки он дорои биною иншооти сершумори таълимию машқӣ, аз ҷумла машқҳои низомии тирандозӣ аз навъҳои гуногуни аслиҳа, машқҳои мухталифи зиддитеррористиву варзишӣ ва шароити муосир барои обутоби руҳию равонӣ ва ҷисмонии ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсус буда, бо истифода аз техникаю таҷҳизот ва технологияҳои навтарини мувофиқ ба талаботи замон муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар ин маркази таълимии муосир, ки дар мавзеи бисёр зебои табиати биҳиштосои Тоҷикистони азиз қарор гирифтааст, тамоми шароити зарурии маишӣ ҳам муҳайё гардидааст, аз ҷумла хобгоҳҳои муҷаҳҳаз, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, ҳаммому хушкашӯӣ, ошхонаҳои барҳаво ва хонаҳои истиқоматӣ барои афсарон ва аҳли оилаи онҳо мавҷуд аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити беҳтарини таълимию машқӣ ва маишию фароғатии дар ин маркази таълимӣ муҳайёшуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҳайати фармондеҳии воҳидҳои таъиноти махсуси он барои истифодаи пурсамар аз ин пойгоҳу заминаи воқеан муосири омодагашта дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки ин пойгоҳ бо чунин техникаю таҷҳизот ва ҳама шароити мусоид имкон медиҳад, ки ҳайати шахсии таъиноти махсус ҳамаҷониба ва бо сифати аъло омода карда шаванд, аз ҷумла бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонию минтақавӣ дар амалиётҳои ҷангӣ ва махсусе, ки дар гӯшаю канори гуногуни олам имрӯзҳо ҷараён дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар назди роҳбарият ва ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъкид доштанд, ки вазъи басо мураккаб ва зуд-зуд тағйирёбандаву пешгӯинашавандаи ҷаҳони имрӯз аз ҳар як шаҳрванди кишвар, ба хусус кормандону хизматчиёни Кумитаи давлатии амнияти миллӣ омодагии ҳамаҷонибаи низомию махсус, далерию шуҷоат, ҳисси баланди ватандӯстию садоқат ва фидокориҳоро талаб менамояд.
Боздиди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маркази таълимии воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо расми гузашти ҳайати шахсии он аз назди Пешвои миллат ва қадамзании зебою мутантани онҳо ҳусни анҷом ёфт.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Гузоштани санги асос ба оғози корҳои сохтмонии панҷ бинои истиқоматии 16-ошёна дар Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ
Гузоштани санги асос ба оғози корҳои сохтмонии панҷ бинои истиқоматии 16-ошёна дар Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ
28 май дар маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти
Ифтитоҳи бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода
Ифтитоҳи бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода
17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳ ва оғози
Ифтитoҳи бинои нави Раёсати молия дар ноҳияи Лахш
Ифтитoҳи бинои нави Раёсати молия дар ноҳияи Лахш
12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Лахш бинои нави хуштарҳу замонавии
Ифтитоҳи Раёсати молия дар ноҳияи Ишкошим
Ифтитоҳи Раёсати молия дар ноҳияи Ишкошим
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ишкошим бинои нави хуштарҳу
Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ
Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ
28 май дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси