Ифтитоҳи бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода
17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳ ва оғози сохтмони як қатор иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзодаро мавриди истифода қарор доданд.
Корҳои сохтмонии иншоот соли 2022 оғоз гардида, дар муддати ду сол бо сифати баланд ва тарҳи муосир бунёд карда шудааст.
Барои таъмини кормандони ин ниҳод бо манзили зист дар бино 7 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити зист муҳайё карда шудааст, ки ин аз таваҷҷуҳу ғамхории Сарвари давлат ба кормандони ин соҳа шаҳодат медиҳад.
Иншоот ҳамчунин дорои маҷлисгоҳ, китобхона, ошхона, ҳаммом ва толори варзиш мебошад.
Ҳуҷраҳои дохили бино дар фасли сармо тариқи системаи гармидиҳии мустақили ангиштӣ гарм нигоҳ дошта мешавад.
Саҳни иншоот пурра чароғон буда, барои таъмини зебоӣ дар ин мавзеъ гулу дарахтони сояафкан шинонида шудааст.
Бинои хуштарҳу замонавӣ дар арафаи 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин туҳфаи Ҳукумати кишвар ба кормандони ин ниҳод ба шумор меравад.
Хабарҳои дигар

Ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Ховалинг
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бинои маъмурии шуъбаи Агентии суғуртаи

Муарифии лоиҳаи бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш
12 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Лахш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба

Ифтитоҳи бинои Кумитаи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ноҳияи Ховалинг
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи

Ифтитоҳи бинои Шуъбаи маориф дар ноҳияи Сангвор
11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бинои Шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода

Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода, 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусӣ
17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси