Ифтитоҳи Раёсати молия дар ноҳияи Ишкошим
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ишкошим бинои нави хуштарҳу замонавии Раёсати молияро дар ноҳия ифтитоҳ намуданд.
Иншооти мазкур бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар он шароити корӣ барои фаъолияти босамари кормандони соҳаи молияи ноҳия муҳайё гардидааст.
Бинои нави Раёсати молия дар ноҳияи Ишкошим аз ду ошёна иборат буда, бо маблағи 3,4 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Бино дорои 7 ҳуҷраи корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Ҳуҷраҳои он бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Раёсати молия дар ноҳияи Ишкошим моҳи сентябри соли 2023 оғоз гардида, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фараҳноз» бо сифати баланди меъморӣ ба анҷом расонида шудааст.
Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти корӣ дар бинои нави Раёсати молияи ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандонро барои татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши технологияи муосири низоми молиявӣ вазифадор намуданд.
Бино бо таҷҳизоти махсуси гармидиҳӣ таъмин мебошад.
Дар атрофи бино корҳои ободонӣ анҷом дода шуда, гулу бутта ва дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ атрофи онро зиннат бахшидаанд. Намои берунаи бино мувофиқ ба талаботи замони муосир оро ёфта, қомат афрохтани он ба ҳусни маркази ноҳия зебоӣ зам кардааст.
Хабарҳои дигар

Ифтитoҳи бинои нави Раёсати молия дар ноҳияи Лахш
12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Лахш бинои нави хуштарҳу замонавии

Ифтитоҳи бинои раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод
12 сентябр дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бинои нави Раёсати

Ба истифода додани бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 ва ифтитоҳи маҷозии бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 дар деҳоти Птупи ноҳияи
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ишкошим инчунин ба фаъолияти бинои наву замонавии

Ба истифода додани бинои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим
13 октябр Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии

Ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Ховалинг
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бинои маъмурии шуъбаи Агентии суғуртаи