ҲАШАРИ ДАСТАҶАМЪӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Субҳи имрӯз, 16 ноябр дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон ҳашари умумӣ оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта шуруъ шуд.
Дар ноҳияи Хуросон ва шаҳри Левакант раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ба кӯмаки деҳқонон пайвастанд.
Ҳашарчиён бо ҷонибдорӣ аз ибтикори раиси вилоят бо рӯҳияи баланд ба чиниши пахта пардохтанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суҳбат бо пахтакорон барои саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосил, ҷалби ҳашарчиён, пардохти музди меҳнат, ба корхонаҳои коркард супоридани пахта супоришҳо доданд. Инчунин, ба роҳбарияти шаҳру ноҳия барои фароҳам овардани шароити корӣ ва назорати рафти чиниши пахта дастур дода шуд.
Хабарҳои дигар

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРОНИ КОРХОНАҲОИ ПАХТАТОЗАКУНӢ
26 август, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо раисони шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва

Давлаталӣ Саид: “ПАХТАКОРӢ ДАР ТАҚВИЯТИ ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТ НАҚШИ КАЛИДӢ ДОРАД”
28 октябр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба ташкили ҷамъоварии ҳосили пахта баргузор

Давлаталӣ Саид: “БОЯД “ТИЛОИ САФЕД” БЕТАЛАФ ҶАМЪОВАРӢ ШАВАД”
27 сентябр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба ташкили ҷамъоварии ҳосили пахта баргузор гардид.

ВАХШ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ТУХМИПАРВАРИИ "КӮЛОБ"
28 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ аз хоҷагии тухмипарварии "Кӯлоб"-и ноҳияи Вахш боздид намуда, бо

РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БА МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИДАНД
Рӯзи 4 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ва дигар