МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » Давлаталӣ Саид: “ПАХТАКОРӢ ДАР ТАҚВИЯТИ ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТ НАҚШИ КАЛИДӢ ДОРАД”

Давлаталӣ Саид: “ПАХТАКОРӢ ДАР ТАҚВИЯТИ ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТ НАҚШИ КАЛИДӢ ДОРАД”

29-10-2024, 06:08
43
0
28 октябр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба ташкили ҷамъоварии ҳосили пахта баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раис, раисони шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.
Қайд гардид, ки имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон ҷамъоварии ҳосили пахта идома дошта, кишоварзони вилоят баҳри беталаф ғундоштани он ҷадал доранд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супурдани ҳосили "тиллои сафед" изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки бояд аз рӯзҳои мусоиди офтобӣ самаранок истифода бурд.
Давлаталӣ Саид, инчунин, оид ба фаро гирифтани пахтаи истеҳсолкардаи деҳқон, қабул ва коркарди он, роҳ надодан ба ҳисоботи нодуруст, ҳолати воқеии пардохтпазирии маблағи андоз аз ҷониби корхонаҳои пахтатозакунӣ, роҳҳои пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунии коркард ва қочоқи пахта, роҳҳои назорати механизми ҷамъоварии пахта то коркарди ниҳоии он ва пешгирии қонуншиканӣ дар самти баҳисобгирии оморӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, рушди он барои таъмини бахши саноати сабук бо ашёи хом, ташкили ҷойҳои корӣ ва тақвияти иқтисодиёти кишвар нақши калидӣ дорад. Бо назардошти талаботи бозор тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ майдони кишти пахта васеъ ва истеҳсоли он ба маротиб зиёд мешавад.
Ҳамзамон, парвариши ин зироат ба хоҷагиҳои деҳқонӣ манфиати хуби молиявӣ оварда, барои ғанӣ гардидани буҷети маҳаллӣ низ мусоидат мекунад.
Ёдовар мегардем, ки имсол дар вилояти Хатлон дар майдони беш аз 120 ҳазор гектар пахта кишт гардидааст. Мутобиқи дурнамо, дар вилоят бояд 295 ҳазору 200 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад.
Дар ҷаласаи кории назди раиси вилояти Хатлон ба раисони шаҳру ноҳияҳо ҳамчунин доир ба ҷамъоварии сифатноки андозҳо, шинонидани дарахтон ва вусъати корҳои сарсабзгардонӣ, омодагии соҳаҳои хоҷагии халқ ба мавсими сармо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

 
Хабарҳои дигар
Давлаталӣ Саид: “БОЯД “ТИЛОИ САФЕД” БЕТАЛАФ ҶАМЪОВАРӢ ШАВАД”
Давлаталӣ Саид: “БОЯД “ТИЛОИ САФЕД” БЕТАЛАФ ҶАМЪОВАРӢ ШАВАД”
27 сентябр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба ташкили ҷамъоварии ҳосили пахта баргузор гардид.
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРОНИ КОРХОНАҲОИ ПАХТАТОЗАКУНӢ
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РОҲБАРОНИ КОРХОНАҲОИ ПАХТАТОЗАКУНӢ
26 август, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо раисони шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва
ВАХШ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ТУХМИПАРВАРИИ "КӮЛОБ"
ВАХШ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ТУХМИПАРВАРИИ "КӮЛОБ"
28 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ аз хоҷагии тухмипарварии "Кӯлоб"-и ноҳияи Вахш боздид намуда, бо
ҶАЛАСАИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ҶАЛАСАИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Имрӯз, 5 август, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
Имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили картошка