Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони
30 май дар шаҳри Остона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Ҳамоиши якуми “Осиёи Марказӣ ва Италия” бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелони мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки татбиқи мувофиқаҳои як сол пеш дар Рим ҳосилшуда, омили рушди минбаъдаи робитаҳо хоҳад буд.
Ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энергетика, саноат ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Истифодаи имкониятҳои бахши истихроҷ ва коркарди маъданҳои фоиданок, коркарди амиқи пахта ва содироти маҳсулоти тайёр, ҷалби сармоя ва воридоти технология, аз самтҳои ояндадор номида шуд.
Тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва варзиш, маориф, ҷудо кардани бурсияҳои донишҷӯӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин, кушодани филиалҳои мактабҳои таҳсилоти олии Италия дар кишвари мо аз мавзуъоти муҳими суҳбат буд.
Ба рушди робитаҳо дар чорчуби созмонҳои байналмилалӣ, ҳамкории муштарак барои ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои таъмини амнияти минтақавию глобалӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Хабарҳои дигар

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов
3 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо

Мулоқот бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Паэтонгтарн Чинаватра
3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум

Мулоқот бо Вазири давлатии оид ба ҳамкории байналмилалии Давлати Қатар, муовини Раиси Фонди Қатар оид ба рушд хонум Луълуъ Ал-Хотир
2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа бо Вазири давлатии оид ба ҳамкории байналмилалии

Мулоқот бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид Ал-Ҳамад ал-Муборак Ал-Сабоҳ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид Ал-Ҳамад