Мулоқот бо Вазири давлатии оид ба ҳамкории байналмилалии Давлати Қатар, муовини Раиси Фонди Қатар оид ба рушд хонум Луълуъ Ал-Хотир
2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа бо Вазири давлатии оид ба ҳамкории байналмилалии Давлати Қатар, муовини Раиси Фонди Қатар оид ба рушд хонум Луълуъ Ал-Хотир мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо муассисаи бонуфузи мададрасон баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Давлати Қатарро яке аз шарикони муҳими тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон номида, бо итминон изҳор доштанд, ки ҳамкории кишвари мо ва Фонди Қатар оид ба рушд ба таври назаррас густариш хоҳад ёфт.
Ҷонибҳо оид ба сармоягузории Қатар ба соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон табодули андеша намуданд.
Ҷалби сармояи қатарӣ ба лоиҳаҳои истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок, таъсиси корхонаҳои истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ва оби мусаффои ошомиданӣ ба Қатар аз мавзуъҳои суҳбат буд.
Аз иштироки сармоягузорони қатарӣ дар татбиқи лоиҳаҳои таҳкиму тавсеаи зерсохтори сайёҳӣ ва саноати дорусозӣ дар Тоҷикистон истиқбол карда шуд.
Таъкид гардид, ки таъсиси “Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ” бо мақсади маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон ба манфиати кор хоҳад буд.
Хабарҳои дигар

Мулоқот бо муассиси Бонки байналмилалии исломии Қатар Шайх Алӣ ибни Абдулло Оли Сонӣ
2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо муассиси Бонки байналмилалии

Сафари корӣ ба Давлати Қатар
2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё ба Давлати

Оғози сафари корӣ дар Давлати Қатар
2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуданд. Дар

Мулоқот бо Амири Давлати Қатар шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Амири Давлати

Мулоқот бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид Ал-Ҳамад ал-Муборак Ал-Сабоҳ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Холид Ал-Ҳамад