МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов

3-04-2025, 16:13
54
0
3 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Миннихановро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Тотористон баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афзалиятҳои ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳои Тоҷикистону Русия ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки робитаҳо бо Ҷумҳурии Тотористон ба марҳилаи фаъол ворид мегардад.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, мошинсозӣ, логистикаву нақлиёт, сохтмон ва кишоварзӣ аз самтҳои ояндадори муносибатҳо номида шуд.
Имконияти ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди ашёи хом то ба маҳсулоти тайёр, аз ҷумла ришта аз абрешим ва пашм, навъҳои гуногуни матоъ, либоси махсуси корӣ ва мебел муҳокима шуд.
Дар ин робита таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб ба таҳкими ҳамкорӣ барои таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ манфиатдоранд.
Дурнамои ҳамкорӣ дар бахши дорусозӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли якҷояи маҳсулоти тиббӣ низ таъкид гардид.
Густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳӣ ҳам аз мавзуъҳои муҳими мулоқот буд.
Афзун намудани шумораи квотаҳои таҳсилотӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон зарур дониста шуд.
Ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор сурат гирифт.

 

 

 
Хабарҳои дигар
Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов
Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов
24 октябр дар шаҳри Қазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши “БРИКС+” бо Раиси Ҷумҳурии
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо
Мулоқот бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин
Мулоқот бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин
4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи
Мулоқот бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко
Мулоқот бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко
10 октябр дар Қасри Миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия
Вохӯрӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
Вохӯрӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин
24 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам