Мулоқот бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Паэтонгтарн Чинаватра
3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд хонум Паэтонгтарн Чинаватра мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Таиланд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот хонум Паэтонгтарн Чинаватраро ба муносибати интихоб шуданашон ба вазифаи Сарвазири Шоҳигарии Таиланд самимона табрик намуданд.
Сарвари давлати мо таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ва Тайландро равобити судбахш ба ҳам мепайванданд ва изҳори умедворӣ намуданд, ки мо дар якҷоягӣ ба муносибатҳои кишварҳоямон такони нав хоҳем бахшид.
Масоили тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои ояндадори тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, нақлиёту боркашонӣ ва саноат аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.
Содироти молу маҳсулоти мухталиф, аз қабили пахта, аллюминий, меваҳои хушк, маъданҳо ба Таиланд ва таҷҳизоти электронӣ, мошину мошинолот ба Тоҷикистон аз самтҳои дигари ҳамкории судманд номида шуд.
Ба таҳияи “харитаи роҳ”-и ҳамкорӣ, ташкили хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ, ҷорӣ кардани низоми бераводид барои шаҳрвандон ва рушди равобити сайёҳӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ҳамкорӣ дар бахшҳои маориф ва баргузории рӯзҳои фарҳангӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.
Нақши робитаҳои байнипарлумонӣ дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо муҳим арзёбӣ гардид.
Хабарҳои дигар

Мулоқот бо Вазири давлатии оид ба ҳамкории байналмилалии Давлати Қатар, муовини Раиси Фонди Қатар оид ба рушд хонум Луълуъ Ал-Хотир
2 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа бо Вазири давлатии оид ба ҳамкории байналмилалии

Мулоқот бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ
3 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи Нишасти сеюми Муколамаи Ҳамкории Осиё

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат баррасии масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо

Мулоқот бо Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиева
16 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори идории

Мулоқот бо узви Президиуми Босния ва Ҳерсеговина хонум Желка Свиянович
10 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси