МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Ифтитоҳи Бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Шамсободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ифтитоҳи Бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Шамсободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

31-03-2025, 09:39
49
0
30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳаи Шамсободи деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бунгоҳи тиббӣ дар як ҷойи ноободи деҳа бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва иштироки фаъоли сокинон бунёд карда шуд.
Баъди аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардидани иншооти соҳаи тандурустӣ дар ин ҷо 15 нафар соҳиби кори доимӣ гаштанд.
Маркази саломатӣ аз 7 ҳуҷра ва қабулгоҳ иборат буда, дар он шуъбаҳои таваллуд, хатна, табобати дандон, таҳлилгоҳ, сузангузаронӣ ва ҳуҷраи духтури тибби оилавӣ мавҷуд аст.
Тавре иттилоъ дода шуд, маркази саломатӣ дар масоҳати наздики 1 гектар бунёд гардида,ба 4500 нафар сокини деҳаи Шамсобод хизмати муосири тиббӣ мерасонад.
Қаблан сокинони деҳа ба шаҳру ноҳияҳои дурдасти вилоят рафта, аз ташхис гузаштаву табобат мегирифтанд, акнун бо шарофати дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин мушкилоти онҳо ҳалли худро пайдо кард.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити хизматрасонӣ дар бунгоҳи саломатӣ табибонро ба хизматрасонии сатҳи баланд ба мардум ва муомилаву муносибати хуб ба беморон ҳидоят намуданд.

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Ба истифода додани бинои муассисаи таҳсилоти томактабии  Наврӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ба истифода додани бинои муассисаи таҳсилоти томактабии Наврӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
30 март дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи
Ифтитоҳи бинои нави маркази саломатӣ дар шаҳри Гулистон
Ифтитоҳи бинои нави маркази саломатӣ дар шаҳри Гулистон
7 сентбяр дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри
Ифтитоҳи бинои Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологӣ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ
Ифтитоҳи бинои Маркази ташхису табобатӣ ва стоматологӣ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ
5 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Бинои маркази ташхису табобатӣ ва
Ифтитоҳи корхонаи ашёи рӯзгори ҶДММ Ситора саноат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ифтитоҳи корхонаи ашёи рӯзгори ҶДММ Ситора саноат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи истеҳсоли ашёи рӯзгори ҷамъияти
Ифтитоҳи кӯдакистони Баҳор дар маҳаллаи Боғистони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ифтитоҳи кӯдакистони Баҳор дар маҳаллаи Боғистони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Боғистони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи таҳсилоти