МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Ифтитоҳи корхонаи ашёи рӯзгори ҶДММ Ситора саноат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ифтитоҳи корхонаи ашёи рӯзгори ҶДММ Ситора саноат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

29-03-2025, 11:38
60
0
29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи истеҳсоли ашёи рӯзгори ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ситора саноатро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи мазкур барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо истифода аз имтиёзу имкониятҳои муҳайёнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Суҳроб Ғафуров, бо харҷи наздик ба ду миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Тавре иттилоъ доданд, техникаву таҷҳизоти истеҳсолӣ сохти ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар корхона 25 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуда, дар он 7 намуд ашёи рӯзгор, аз ҷумла таҷҳизоти гармӣ ва шамолдиҳӣ истеҳсол мегардад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 15 ҳазор дона ашёи рӯзгор буда, маҳсулоташ ивазкунандаи воридот мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 ҳамин анвои маҳсулот ба ҳаҷми 7,5 миллион доллари ИМА ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ворид шудааст.
Акнун имкон фароҳам омад, ки истеҳсоли ин ва дигар навъҳои ашёи рӯзгор дар дохили кишвар ба роҳ монда шавад.
Дар корхона барои фаъолияти кормандон шароити лозима фароҳам оварда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти соҳибкори ватанӣ барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот баҳои баланд дода, вобаста ба зиёд намудани иқтидори истеҳсолӣ, ба роҳ мондани содироти он дар оянда ва зиёд намудани маоши кормандон тавсияҳои судбахш доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бахши хусусӣ бо истифода аз имконот ва иқтидорҳои фарохи мавҷуда ҳамасола корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ мавриди истифода қарор мегиранд, ки дар онҳо шаҳрвандони зиёд бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо ба бахши хусусӣ боиси дилгармии соҳибкорон дар самти бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ гардида, ҳамчунин сабаби тақвияти иқтидори истеҳсолии кишвар ва ғанӣ гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти саноатӣ мешавад.

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Ба истифода додани корхонаи антифризи ҶДММ “Кули Сарез”-и шаҳри Истаравшан
Ба истифода додани корхонаи антифризи ҶДММ “Кули Сарез”-и шаҳри Истаравшан
17 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ "Технологияи полимерӣ" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ "Технологияи полимерӣ" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
18 ноябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти
Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли қубур ва профилҳои металлии ҶДММ Суғдметалл дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли қубур ва профилҳои металлии ҶДММ Суғдметалл дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобочон Ғафуров корхонаи истеҳсоли қубуру профилҳои
Ифтитоҳи ҶДММ “ТОҶИК ГЛОБАЛ ИНВЕСТ” дар шаҳри Норак
Ифтитоҳи ҶДММ “ТОҶИК ГЛОБАЛ ИНВЕСТ” дар шаҳри Норак
30 август дар шаҳри Норак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
18 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба