МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Ба истифода додани бинои муассисаи таҳсилоти томактабии Наврӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ба истифода додани бинои муассисаи таҳсилоти томактабии Наврӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

31-03-2025, 09:38
57
0
30 март дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шамсободи ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони Наврӯзро баъд аз навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар хусуси бунёду барқарорсозии муассисаҳои томактабӣ баён гардида буд, таҷдид шуда аз зумраи бандҳои нақша-чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагиии Истиқлоли давлатӣ низ мебошад.
Муассисаи таҳсилоти томактабии Наврӯз аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои 200 кӯдак бо 35 ҷойи корӣ барқарор шуд.
Дар ин муассисаи томактабӣ 7 гурӯҳи таълимӣ амал намуда, раванди таҳсил бо ду забон - тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, толори мусиқӣ, ошхона, ҳуҷраҳои хоб, синфхонаҳои таълимӣ, аз шумули имкониятҳоест, ки дар кӯдакистон фароҳам оварда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба истифода додани бинои муассисаи таҳсилоти томактабии Наврӯзро туҳфаи идона ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ба кӯдакони деҳа маънидод карданд.
Гуфта шуд, ки ҳоло фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 28,7 фоизро ташкил дода, дар ноҳия 40 кӯдакистони давлатию хусусӣ амал мекунанд.
Деҳаи Шамсобод ҳам аз ҷумлаи маҳаллаҳое мебошад, ки зичии аҳолӣ дар он ба мушоҳида мерасад. Ҳоло дар ин деҳа 4000 нафар зиндагӣ мекунад ва барои фарзандони бошандагон фаъолияти 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар умум, масъалаи бунёд ва барқарорсозии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз минтақаҳои сернуфуси кишвар мебошад, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор дошта, дар панҷ соли оянда қарор аст дар ноҳия даҳҳо муассисаҳои томактабии нав бунёд карда шаванд.
Бояд гуфт, ки тарбия ва ба таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас аз ҳадафҳои муҳими давлат дониста мешавад ва талошҳо ба он равона шудаанд, ки кӯдакон дар шароити хуб таҳсил намуда, оянда барои пешрафти диёри худ саҳми арзанда гузоранд.

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Ифтитоҳи кӯдакистони Баҳор дар маҳаллаи Боғистони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ифтитоҳи кӯдакистони Баҳор дар маҳаллаи Боғистони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Боғистони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи таҳсилоти
Ифтитоҳи Бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Шамсободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Ифтитоҳи Бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Шамсободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар деҳаи
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии Муассисаи давлатии
Ифтитоҳи Муассисаи томактабии Навбаҳор дар шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи Муассисаи томактабии Навбаҳор дар шаҳри Хуҷанд
30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ваҳдати шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти Муассисаи таҳсилоти
Ба истифода додани 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Ба истифода додани 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
26 октябр дар идомаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Рахмон ба ноҳияи Рӯдакӣ бинои зебои Муассисаи