МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Ба истифода додани 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Ба истифода додани 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

26-10-2024, 14:23
42
0
26 октябр дар идомаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Рахмон ба ноҳияи Рӯдакӣ бинои зебои Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 9-и назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 дар шаҳраки Сомониён мавриди истифода карор дода шуд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти тозабунёд соли 2023 оғоз гардида, сокинони маҳаллӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии босифати ватанӣ дар муддати як сол онро бо сифати баланд бунёд намуданд.
Бинои Муассисаи томактабии №9 бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд шуда, аз 4 ҳуҷраи корӣ, толори бозии кӯдакона ва ошхона иборат буда, барои 160 кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Ин иншооти таълими томактабӣ дорои майдончаи бозии кӯдакона ва суҳбаткадаҳо мебошад, ки ҷолибу назаррабо сохта шудаанд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи мазкур 6 мураббия ва 6 корманди техникӣ дар маҷмуъ 12 нафар бо кори доимӣ фаро гирифта шуданд.
Пешвои миллат зимни суҳбат бо масъулин ва мураббиён онҳоро ба ватандӯсту худшинос тарбия намудани насли наврас ва истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида, дар ин муассисаи навбунёд ҳидоят намуданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Рахмон ҳамчунин муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар деҳаи Охтоқи деҳоти Қиблаӣ ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар ин муассисаи томактабӣ низ шароити мусоид барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон мавҷуд аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шароити зарурӣ муҳайё менамояд.
Чун маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар авлавият қарор дорад, сол то сол маблағгузорӣ ба ин соҳа бештар карда мешавад.

Хабарҳои дигар
Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода, 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусӣ
Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода, 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусӣ
17 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси
Ифтитоҳи биноҳои нави иловагии 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Ифтитоҳи биноҳои нави иловагии 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Мадади
Ифтитоҳи бинои Муассисаи томактабии «Ворисон» дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара
Ифтитоҳи бинои Муассисаи томактабии «Ворисон» дар деҳаи Алиҷони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара
19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси
Ифтитоҳи Муассисаи таълимии томактабии «Дурахшон» дар деҳоти Булёни поёни ноҳияи Данғара

ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ
ҚУБОДИЁН: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ
27 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Чапарии ҷамоати деҳоти Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён бо ҷараёни корҳои