Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва алюминии ҶДММ Афранг Пластик
30 март дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин корхонаи муштараки истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва алюминии ҶДММ Афранг Пластикро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва алюминии ҶДММ Афранг Пластик дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Тоҳир Олимӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ сохта шудааст. Корхона бо навтарин дастгоҳу технологияи истеҳсоли кишварҳои Олмон, Кореяи Ҷанубӣ ва Чин муҷаҳҳаз гардонида шуда, маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда истеҳсол менамояд.
Дар ин ҷо мувофиқ ба завқи харидор дару тирезаҳои пластикӣ дар шаклу андозаҳои гуногун омода шуда, пешниҳод мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки ин корхона калонтарин иншооти соҳа дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд буда, 70-80 фоизи маҳсулоташ ба хориҷи кишвар содирот мегардад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти навсохт қариб 3 сол идома ёфта, дар ин муддат зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.
Корхона дар 1 сол имкон дорад то 6 ҳазор тонна маҳсулоти пластикӣ омода намояд. Ин иқтидор баъд аз 3 соли фаъолият солона ба 8 ҳазор тонна ва шумораи коргарон ба 150 нафар расонда мешавад.
Ҳоло дар корхонаи мазкур 100 коргар маҳсулоти тайёри пластикӣ ва алюминӣ мутобиқ ба талаботи стандарти аврупоӣ истеҳсол менамоянд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ иқдоми соҳибкори ватаниро дар самти ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таъмини сокинон бо кор муҳим арзёбӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд ба рушди саноат ҳамчун соҳаи афзалиятноки иқтисодиёт таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, корхонаҳои муосир бунёд ва сатҳи иҷтимоии аҳолӣ беҳтару хубтар гардонида мешавад. Танҳо дар 3 моҳи аввали соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд 9 коргоҳу корхонаи нав сохта ба истифода дода шуд, ки ин мисоли равшани рушди соҳа дар ин гушаи диёр мебошад.
Хабарҳои дигар

Ба истифода додани корхонаи «Сайри Суғд» дар шаҳри Хуҷанд
Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли панелҳои сохтмонии ҶДММ Тоҷпанел дар шаҳри Хуҷанд
30 март дар доираи тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи

ЁВОН. БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АМСТРОНГ
Имрӯз, 12 апрел, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ёвон аз рафти корҳои сохтмонии хатти нави истеҳсоли амстронг дар

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли қубур ва профилҳои металлии ҶДММ Суғдметалл дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобочон Ғафуров корхонаи истеҳсоли қубуру профилҳои