МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Президент » Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли панелҳои сохтмонии ҶДММ Тоҷпанел дар шаҳри Хуҷанд

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли панелҳои сохтмонии ҶДММ Тоҷпанел дар шаҳри Хуҷанд

31-03-2025, 09:34
46
0
30 март дар доираи тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли панелҳои сохтмонии ҶДММ Тоҷпанелро ифтитоҳ намуданд.
Корхонаи нави саноатӣ бо саҳми соҳибкор Суҳроб Мирзоаҳмадов бунёд шуда, иқтидори он дар 1 сол истеҳсоли 15 ҳазор метри мураббаъ панелҳои ороишӣ ва 500 метри мукааб деворҳои байниҳуҷравӣ мебошад.
Ҳоло дар корхонаи тозабунёд 20 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуда, оянда бо зиёд шудани ҳаҷми истеҳсол теъдоди ҷойҳои корӣ ба 30 нафар расонда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки семент ва дигар ашёи хоми истифодашаванда дар истеҳсолот ватанӣ аст.
Дар навбати аввал дар ин ҷо барои қонеъ сохтани талаботи бозори дохилӣ ду намуди маҳсулот - панелҳои ороишӣ барои намои берунаи биноҳо ва деворҳои байниҳуҷравӣ бо шаклу андозаҳои гуногун ва сифати баланд омода шуда, пешниҳоди харидорон мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба масъулон дастур доданд, ки дар раванди саноатикунонии босуръат бояд шумораи чунин корхонаҳо дар кишвар зиёд карда шаванд, зеро ин тадбир воридоти маҳсулоти сохтмониро коҳиш дода, барои рушди истеҳсолоти ватанӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар мусоидат менамояд.
Маҳсулоти корхона бо истифода аз дастгоҳу технологияи муосири истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин истеҳсол шуда, ба сифати он кафолат дода мешавад.
Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд ба истиқболи ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои ободонӣ аз ҷумла бунёди иншооти таъиноти гуногун вусъат дорад. Аз ин рӯ барои дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ метавон маҳсулоти корхонаи навбунёдро дар иншооти сохташавандаи ҷашнӣ истифода намуд, зеро дастгирӣ аз маҳсулоти босифати ватанӣ ҳавасмандии соҳибкорони истеҳсолиро дучанд мегардонад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2024 бо саҳми соҳибкорону ҷалби сармояи хориҷӣ дар шаҳри Хуҷанд 48 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 1000 ҷойи кории нав ба истифода дода шуд ва ҳоло корҳои сохтмонӣ дар дигар иншооти соҳа идома дорад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми корхонаи пойафзолбарорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми корхонаи пойафзолбарорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ
26 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба фаъолияти марҳилаи дуюми
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи ҶДММ “Сирдарё” дар шаҳри Хуҷанд
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии
Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли гаҷкартони ҶДММ “Файзи гаҷ” дар ноҳияи Ёвон
Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли гаҷкартони ҶДММ “Файзи гаҷ” дар ноҳияи Ёвон
7 ноябр дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва алюминии ҶДММ Афранг Пластик
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва алюминии ҶДММ Афранг Пластик
30 март дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин корхонаи муштараки истеҳсоли профилҳои
Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли “Сэндвичпанел” дар назди ҶСК “Душанбе-Саноат”
Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли “Сэндвичпанел” дар назди ҶСК “Душанбе-Саноат”
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси