МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Семинар-омӯзиш » ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҶОНИБИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ТИК-И ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҶОНИБИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ТИК-И ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

17-11-2024, 09:14
52
0
Санаи 15-уми ноябри соли равон бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори муҳббату садоқат ба ин шахсияти арсаи сиёсат ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Муассисаи давлатии беҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия-Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ба номи М.В Ломоносов” бо ташаббуси маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-адабӣ дар мавзӯи “САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ ВА НАҶОТИ ВАТАН” баргузор шуд.
Дар конференсия роҳбарият ва кормандони маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилояти Хатлон, директорон ва мушовирони маркази технологияи информатсионии назди шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарият, омӯзгорон ва толибилмони муассисаи мазкур ширкат варзиданд.
Нахуст пас аз садо додани Суруди миллӣ роҳбарияти маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилояти Хатлон Нурализода Акмал ба сухан баромада, қайд намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози фаъолияташон чун роҳбари давлат иқдомеро, ки такя бар эътимод ва боварии мардум асос ёфта, иродаи халқро барои боз ҳам бештар ба ояндаи дурахшон доштан тақвиятбахш бошад, ба миён гузоша буданд.
Махсусан қайд гардид, ки хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф, тайёр намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ, тарбияи насли наврас, дар рӯҳияи ватанпарастӣ, пос доштани муқаддасоту арзишҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан ва миллати худ бебањост.
Дигар баромадкунандагон бо ифтихор роҷеъ ба шоҳкориҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, изҳор доштанд, ки Пешвои миллат бо ташаббускориҳои наҷиб, ибрати шахсӣ ва иродаи нерӯманди худ, ҷиҳати таъмини амният, осудагӣ ва рушду нумуи кишвари азизамон, ҳамчу пешвои миллат, халқро бо созандагиву бунёдкорӣ ва худшиносии милливу ватанпарастӣ ҳидоят намуда, дар олами башарӣ ҳамчу пешвои асри ХХ1 эътироф ва пазируфта шудаанд.
Дар анҷоми чорабинӣ филми мустанади “Наҷотбахши миллат” намоиш дода шуд, ки аҳли толор ва иштироккунандагон бо хушнудӣ пазируфтанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ВИЛОЯТӢ ДАР МАВЗӮИ:НАТИҶАИ РУШДИ ТАҲСИЛОТИ РАҚАМӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, АЗ ДАСТОВАРД ТО ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ" ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА
БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ВИЛОЯТӢ ДАР МАВЗӮИ:НАТИҶАИ РУШДИ ТАҲСИЛОТИ РАҚАМӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, АЗ ДАСТОВАРД ТО ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ" ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА
26 июли соли равон дар Маркази рушди малакаи касбии ноҳияи Данғара бо ташаббуси Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи
ХАТЛОН: СЕМИНАРҲОИ ДАСТУРДИҲИ ОИД БА ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ШАБАКАҲОИ ИЧТИМОИ ДОИР ХОҲАД ШУД
ХАТЛОН: СЕМИНАРҲОИ ДАСТУРДИҲИ ОИД БА ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ШАБАКАҲОИ ИЧТИМОИ ДОИР ХОҲАД ШУД
Дар ассоси дастуру ҳидоятҳои бе воситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
ХАТЛОН: БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “БАРНОМАСОЗИ БЕҲТАРИН”
ХАТЛОН: БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “БАРНОМАСОЗИ БЕҲТАРИН”
Имрӯз, 12 марти соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Вазорати маориф ва имлми кишвар бо
СЕМИНАР- МАШВАРАТИ АВГУСТИ  ДАР НОҲИЯИ ЁВОН
СЕМИНАР- МАШВАРАТИ АВГУСТИ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН
Дар санаи 21. 08. 2024 дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 бо иштироки мутахассиси Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи
БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ДАСТУРДИҲИ АЗ ҶОНИБИ МАРКАЗИ ТИК-И ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН
БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ДАСТУРДИҲИ АЗ ҶОНИБИ МАРКАЗИ ТИК-И ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН
Дар ассоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти