Вернуться назад Распечатать

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҶОНИБИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ТИК-И ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Санаи 15-уми ноябри соли равон бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори муҳббату садоқат ба ин шахсияти арсаи сиёсат ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Муассисаи давлатии беҷетии таҳсилоти миёнаи умумии Россия-Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ба номи М.В Ломоносов” бо ташаббуси маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-адабӣ дар мавзӯи “САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ ВА НАҶОТИ ВАТАН” баргузор шуд.
Дар конференсия роҳбарият ва кормандони маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилояти Хатлон, директорон ва мушовирони маркази технологияи информатсионии назди шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарият, омӯзгорон ва толибилмони муассисаи мазкур ширкат варзиданд.
Нахуст пас аз садо додани Суруди миллӣ роҳбарияти маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилояти Хатлон Нурализода Акмал ба сухан баромада, қайд намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози фаъолияташон чун роҳбари давлат иқдомеро, ки такя бар эътимод ва боварии мардум асос ёфта, иродаи халқро барои боз ҳам бештар ба ояндаи дурахшон доштан тақвиятбахш бошад, ба миён гузоша буданд.
Махсусан қайд гардид, ки хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф, тайёр намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ, тарбияи насли наврас, дар рӯҳияи ватанпарастӣ, пос доштани муқаддасоту арзишҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан ва миллати худ бебањост.
Дигар баромадкунандагон бо ифтихор роҷеъ ба шоҳкориҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, изҳор доштанд, ки Пешвои миллат бо ташаббускориҳои наҷиб, ибрати шахсӣ ва иродаи нерӯманди худ, ҷиҳати таъмини амният, осудагӣ ва рушду нумуи кишвари азизамон, ҳамчу пешвои миллат, халқро бо созандагиву бунёдкорӣ ва худшиносии милливу ватанпарастӣ ҳидоят намуда, дар олами башарӣ ҳамчу пешвои асри ХХ1 эътироф ва пазируфта шудаанд.
Дар анҷоми чорабинӣ филми мустанади “Наҷотбахши миллат” намоиш дода шуд, ки аҳли толор ва иштироккунандагон бо хушнудӣ пазируфтанд.