ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ БАРНОМАСОЗӢ.
Бо мақсади иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 ноябри соли 2022, №333 ҷиҳати татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, №439 «Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042» Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар минтақаи Бохтар барои такмил додани маҳорати касбии омӯзгорон семинар-омӯзиш дар мавзуи "Омӯзиши забонҳои барномасозии SCRATCH ва VISUAL BASIC дар раванди таълим" инчунин расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорони фаннӣ технологияи иттилоотӣ оид ба тартиби дурусти алгаритмсозӣ ва ҳалли масъалаҳо дар забонҳои барномасозӣ дар кабинети технологияи иттилоотии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар минтақаи Бохтар ташкил ва баргузор гардид.




