СЕМИНАР ОМУЗИШ ДАР ЗАБОНИ БАРНОМАСОЗИИ QBASIC”
Ҷиҳати иҷрои рафти амалишавии қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 ноябри соли 2022. №333 «Дар бораи тасдиқи Нақша чорабинихои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба татбиқи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақами дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042» оид ба татбиқи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақами дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042» семинари омузишӣ барои дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ ва такмил додани дониши омӯзгорони ҷавони фанни технологияи иттилоотӣ доир ба мавзуҳои “Тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ дар кабинета технологияи иттилоотӣ”, “Усулҳои ҷалби хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ ва омодасозии хонандагон ба олимпиадаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ” ва “Роҳҳои дурусти тартиби барноманависӣ дар забони барномасозии QBASIC” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Муъминобод баргузор намуд. Дар семинар омузиш омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ иштирок карда, бо истифода аз компютер ва тахтаи электронӣ дар бораи навгониҳои фаннӣ, усулҳои ҷадиди корӣ, шаклҳои ҷолибсозии дарс ва роҳу усулҳои омодасозии хонандагон ба олимпиадаҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз фанни мазкур баромад намуданд.




