МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » БОХТАР: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БИНОИ ХОБГОҲИ ДОНИШҶӮЁН

БОХТАР: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БИНОИ ХОБГОҲИ ДОНИШҶӮЁН

26-04-2025, 13:36
97
0
Имрӯз, 25 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои хобгоҳи ҳафтошёна барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав шинос шуданд.
Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол беш аз 90 фоизи корҳо ба анҷом расида, ташкили корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва гулкорӣ дар ҳудуди бино бомаром идома дорад.
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав яке аз бузургтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар вилоят маҳсуб ёфта, дар он беш аз 20 ҳазор донишҷӯ дар шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ аз тамоми минтақаҳои кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Бо дар назардошти ин, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи иҷтмимоии донишҷӯён тасмим гирифта шуд, ки дар донишгоҳ хобгоҳи нав бунёд карда шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи сохтмони бинои 7-ошёнаи хобгоҳ аз ҷониби КВД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Душанбе барои 460 нафар донишҷӯён таҳия гардидааст.
Хобгоҳи нав аз толори варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ, синфхонаи курси тақвият додани маҳорати омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, анбори нигоҳдории маводҳои хобгоҳ ва дар масоҳати умумии 5810 м2 ҳуҷраҳои хоби донишҷӯён иборат хоҳад буд.
- Бунёди хобгоҳи нав метавонад эҳтиёҷоти донишҷӯёни ба хобгоҳ ниёздоштаро то андозае бартараф намуда, мушкилоти саривақт ҳозиршавии донишҷӯёнро ба машғулиятҳоро ҳал кунад, - зикр намуданд раиси вилоят Давлаталӣ Саид.
Гуфта шуд, ки назорати ҳамешагии масъулон дар вақти фориғ аз дарсҳои нақшавӣ, ташкили дарсҳои иловагӣ метавонад боиси самаранок истифодабарии вақти ҷавонон гардида, пешгирӣ аз содиршавии ҷиноятҳои гуногун гардад.
Инчунин, раиси вилоят аз варзишгоҳи донишгоҳ, ки миёни омӯзгорони факултетҳо мусобиқаи футбол ҷараён дошт, боздид намдуда, бо омӯзгорон суҳбат намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Ифтитоҳи бинои таълимӣ барои факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Ифтитоҳи бинои таълимӣ барои факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси
Шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали донишгоҳ
Шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали донишгоҳ
14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо лоиҳаҳои
РАИСИ ВИЛОЯТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ АҲЛИ СОҲАИ МАОРИФРО ТАБРИК ГУФТАНД
РАИСИ ВИЛОЯТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ АҲЛИ СОҲАИ МАОРИФРО ТАБРИК ГУФТАНД
Субҳи 1.09.2024 раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ҷамъомади тантанавӣ аҳли маорифи
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Имрӯз, 18 апрел, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР
Имрӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо рафти корҳои сохтмонии бинои таълимӣ дар назди Муассисаи давлатии таълимии "Колеҷи тиббии шаҳри