БОХТАР: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ПАРВАРИШИ ПОМИДОРИ БАРВАҚТӢ, НАШЪУНАМОИ КАРТОШКА ВА ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ
Имрӯз, 25 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Саричашмаи шаҳри Бохтар, дар заминҳои филиали Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бо парвариши помидори барвақтӣ ва нашъунамои картошка шинос шуданд.
Сипас, раиси вилоят бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон шинос гардида, аз намоиши тухмиҳои селексионии Филиали институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзӣ дар вилоят боздид намуданд.
Дар шароити ҷумҳурии камзамини мо танҳо тавассути истифодаи пурмаҳсули тухмиҳо ва нигоҳубини дурусти зироатҳо ҳосили дилхоҳ гирифта, амнияти озуқавориро таъмин намудан имконпазир аст. Аз ин рӯ, барои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина, таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати кишоварзиро вазифадор карданд, ки якҷо бо Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сохтору мақомоти дахлдор ба масъалаҳои истифодаи самараноки заминҳои кишт, баланд бардоштани ҳосилхезии онҳо, таъмини хоҷагиҳо бо тухмии баландсифати ба иқлим мутобиқ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Хабарҳои дигар

Ифтитоҳи Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
29 октябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии

Шиносоӣ бо раванди бунёди боғи интенсивӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
29 март сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон

БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНОН
Имрӯз, 13 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Бохтар ба хонаи сокинон Бадриддин Маҳмадраҳимов ва Фурқат Қосимов

ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ САБЗӢ ВА ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ
13 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷамъоварии ҳосили сабзӣ ва нашъунамои пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии “Меваҳои Истиқлолият”,

ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ БОҒИ ИНТЕНСИВӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БОБОИ ШАМС”
28 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо нашъунамои боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии “Бобои Шамс”