МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ САБЗӢ ВА ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ

ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ САБЗӢ ВА ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ

14-12-2024, 12:04
39
0
13 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷамъоварии ҳосили сабзӣ ва нашъунамои пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии “Меваҳои Истиқлолият”, воқеъ дар маҳалаи Мушфиқии ҷамоати шаҳраки “Дӯстӣ”-и ноҳияи Ҷайҳун шинос гардиданд.
Хоҷагии деҳқонии “Меваҳои Истиқлолият” соли 2015 дар майдони 10 гектар замини обӣ ташкил гардида, роҳбараш Абдурозиқов Шуҳрат буда, шумораи саҳмдоронаш 22 нафар мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ дар кишти асосӣ дар майдони 2 гектар кишти пиёз, 1 гектар гандум, 0,20 гектар картошка, 1 гектар беда, 1 гектар пахта, 2,50 гектар поллезӣ ва дар кишти такрорӣ 5,50 гектар сабзӣ ва 1 гектар маккаи дон кишт карда шуда буд.
Аз ҳосили асосӣ 60 тонна пиёз, 22 сентнер пахта, 400 сентнер поллезӣ, аз 50 то 55 сентнер гандум, 200 сентнер картошка ва аз кишти такрорӣ 7 тонна маккаи дон, 160 тонна сабзӣ ба фурӯш бароварда шуда, айни ҳол 90 тонна сабзӣ барои ҷамъоварӣ омода мебошад.
Роҳбарияти хоҷагӣ ҳамаи пешрафтҳои истеҳсолиро бевосита ба дастгириву ғамхориҳои шахсии Пешвои миллат марбут медонанд ва ин талошҳо ҳайати кормандонро ҷиҳати афзоиши бештари маҳсулоти кишоварзӣ дилгарм кардааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аснои шиносоӣ бо нашъунамои пиёзи барвақтӣ ва ҷамъоварии ҳосили сабзӣ масъулинро вазифадор намуданд, ки зарфиятҳои мавҷудаи истеҳсолиро мақсаднок истифода бурда, ба хотири саҳмгузории бештар дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳисса гузоранд.
Фароҳам гардидани шароит барои зиндагии шоистаи сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рушду пешрафти соҳаи кишоварзӣ вобаста аст ва истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидори мавҷудаи соҳа ҳатмӣ мебошад.
Раиси вилоят ба таҷрибаи ин деҳқони асил ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи замин баҳои баланд дода, фаъолияти ӯро барои дигар сокинони кишвар намунаи ибрат ва қобили таҳсин хонаданд.
Дар ҳамин ҷо аз ҷониби хоҷагӣ намоишгоҳ ташкил гардида, дар он номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ба маъраз гузошта шуд.
Давлаталӣ Саид, раиси вилоят фаровонии маҳсулоти кишоварзиро дар намоишгоҳ марбут ба ҳисси масъулияти сокинон дар самти истифодаи мақсадноки замин ва меҳнати пайвастаи онҳо маънидод намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ҶАЙҲУН. БОЗДИД АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИҚБОЛ”
ҶАЙҲУН. БОЗДИД АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИҚБОЛ”
Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Тоҷикистони ноҳияи Ҷайҳун аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили пиёз дар
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
Субҳи имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии “Иброҳим”, воқеъ дар деҳаи
ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
Имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили картошка
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САХОВАТ”
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САХОВАТ”
30 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти ҷамъоварии картошка ва намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Саховат», воқеъ дар
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ БОҒИ ИНТЕНСИВӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БОБОИ ШАМС”
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ НАШЪУНАМОИ БОҒИ ИНТЕНСИВӢ ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “БОБОИ ШАМС”
28 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо нашъунамои боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии “Бобои Шамс”