МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » БОХТАР: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

БОХТАР: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

26-04-2025, 13:28
97
0
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати захираи маводи дусолаи озуқаворӣ ва истифодаи самараноки замини таъиноти кишоварзӣ, аз ҷумла, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ сокинони шаҳри Бохтар тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
​Имрӯз, 25 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз истифодабарии самараноки замини наздиҳавлигии сокинони маҳаллаи Навободи шаҳри Бохтар Раҷабов Умаралӣ ва Ҳамзаев Валиҷон, ки дар он сабзавоту кабудиҳо барои таъминоти рӯзмарраи оила ва бозор парвариш менамоянд, боздид намуданд.
​      Қитъаи замини наздиҳавлигии Умаралӣ Раҷабов аз 0,16 гектар иборат буда, 0,05 гектари онро зери сохтмон ташкил медиҳад. Дар масоҳати 0,07 гектари замини наздиҳавлигӣ парвариши помидори барвақтиро дар 3 гармхона ба роҳ мондааст.
​​Қобили зикр аст, ки оилаи мазкур айни замон рӯзгор ва зиндагии худро аз ҳисоби деҳқонӣ касби ошпазӣ пеш бурда истодаанд.
Қитъаи замини наздиҳавлигии сокини кӯчаи Навободи шаҳри Бохтар Ҳамзаев Валиҷон бошад, аз 0,12 гектар иборат буда, 0,06 гектар зери сохтмон ва истифодаи иҷтимоӣ мебошад. Дар масоҳати 0,06 гектари замини наздиҳавлигӣ, дар 3 гармхона обчакорӣ ва парвариши помидор ва кабудиҳо гузаронида шудааст.
Истифодаи мақсадноку самараноки замин ва заҳмати шабонарӯзӣ имкон фароҳам меорад, ки ин оилаҳо ҳосили фаровони барвақтии сабзавот, аз қабили бодирингу помидор ба даст оварда, сатҳи зиндагии худро баланд ва дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳм гузорад.
Дар назди ҳавлӣ бунёд кардани гармхонаҳо манфиатовар буда, шароит фароҳам меоварад, ки талаботи харидорон дар чор фасли сол бо бодирингу помидори истеҳсоли худӣ қонеъ гардонда шавад.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо тарзи истифодаи оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва бунёди гармхонаҳои доимамалкунанда, ки самараи хуб медиҳанд баҳои баланд дода, таҷрибаи онҳоро дар рӯёнидани ҳосили барвақтии помидору бодиринг ва ғайра дар шароити имрӯза манфиатовар арзёбӣ карданд.
Зимни сӯҳбат бо раиси вилоят сокинон таъкид доштанд, ки онҳо аз гармхонаҳои назди ҳавлиаш 2-3 маротиба ҳосили сабзавот мерӯёнанд ва аз ҳисоби ин ҳар сол фоидаи хуб ба даст меорад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНОН
БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИИ СОКИНОН
Имрӯз, 13 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Бохтар ба хонаи сокинон Бадриддин Маҳмадраҳимов ва Фурқат Қосимов
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ҚИТЪАИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ҚИТЪАИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ
28 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз самаранок истифодабарии қитъаи замини наздиҳавлигии
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРОНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН, ПАРВАРИШИ ПИЛЛА ДАР МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТИИ ШАҲРВАНДОН
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРОНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН, ПАРВАРИШИ ПИЛЛА ДАР МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТИИ ШАҲРВАНДОН
4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Тоҷикистони ноҳияи Ҷайҳун ба хонаи сокинон Ҳасанов Собир ва Қаюмов Абдуғаффор
ҚУБОДИЁН: ШИНОСОӢ БО НАШЪУНАМОИ КАРТОШКА ВА ҶАРАЁНИ КИШТИ ПАХТА
ҚУБОДИЁН: ШИНОСОӢ БО НАШЪУНАМОИ КАРТОШКА ВА ҶАРАЁНИ КИШТИ ПАХТА
Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Қубодиён сафари корӣ анҷом
БОХТАР: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ПАРВАРИШИ ПОМИДОРИ БАРВАҚТӢ, НАШЪУНАМОИ КАРТОШКА ВА ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ
БОХТАР: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ПАРВАРИШИ ПОМИДОРИ БАРВАҚТӢ, НАШЪУНАМОИ КАРТОШКА ВА ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ
Имрӯз, 25 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Саричашмаи шаҳри Бохтар, дар заминҳои филиали Институти зироаткории Академияи