КӮЛОБ: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
9 апрел, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони расмӣ дар кӯчаи Панҷоҳсолагии шаҳри Кӯлоб майдончаи варзиширо ифтитоҳ намуданд.
Иншоот дар доираи омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҳасан Зарифзода бо сифати баланд сохта шудааст, ки минбаъд ҷавонон метавонанд дар ин ҷо ба машқу тамрин машғул шаванд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни суҳбат бо кӯдакону калонсолон ҷашни Наврӯзро табрику таҳният намуда, афзуд, ки ин ҳама имкониятҳо аз дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбари давлат баҳри истифодаи муфид аз шароити фароҳамшуда дарак медиҳад.
Таъкид гардид, ки шумораи ҳарчи бештари ҷавонон, аз ҷумла духтарони варзишгар ба машқу тамрин ҷалб карда шаванд. Зеро иншооти мазкур на танҳо барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, балки омодасозии чемпионҳои ояндаи вилояту мамлакат аз якчанд намуди варзиш шароити муносибу созгор дорад.
Сарвазири мамлакат ба ташаббускорон барои муҳайё намудани чунин шароити мусоид изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, иқдоми созандаи онҳоро намунаи ибрат хонданд.
Бояд зикр намуд, ки дар 70 соли даврони Шӯравӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон 26 адад варзишгоҳ, 1128 майдончаи варзишӣ, 284 толори варзишӣ, 11 ҳавзи шиноварӣ, 2 маҷмааи варзишӣ, 30 мактаби варзишӣ буд, имрӯз ин нишондод ба маротиб афзуда, то ба ҳамин давра теъдоди варзишгоҳҳо ба 40 адад, майдончаҳои варзишӣ 3196 адад, толорҳои варзишӣ 574 адад, ҳавзҳои шиноварӣ 38 адад, маҷмааи варзишӣ 11 адад, мактабҳои варзишӣ 37 ва дигар иншооти махсуси варзишӣ ба 231 адад расидааст. Агар шумораи умумии мураббиён то соли 1991 354 нафар буд, имрӯз ин теъдод ба 683 нафар, шумораи варзишгарон аз 8086 ба зиёда аз 18 ҳазор нафар расидааст.
Хабарҳои дигар

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ БОЗИИ ФУТБОЛ ДАР МАҲАЛЛАИ ХАТЛОНИ ШАҲРИ БОХТАР
Имӯз, 14 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод майдончаи варзишии футболро дар маҳаллаи

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САВДО ВА ТОЛОРИ ВАРЗИШ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ бо суръати баланд идома дошта,

БОХТАР: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ, НИШАСТГОҲИ КАЛОНСОЛОН ВА МАЙДОНЧАИ БОЗИИ КӮДАКОН БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ
Имрӯз, 26 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маҳаллаи Умари Хайёми шаҳри Бохтар майдончаи варзишӣ, нишастгоҳи калонсолон ва майдончаи

КӮЛОБ. ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР МАЪРАКАИ КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР ҶДММ “ПАХТАИ КӮЛОБ”
09.05.2025 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони расмӣ дар маъракаи кишти пунбадона дар ҶДММ

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МАЪМУРИИ ХОҶАГИИ ҶАНГАЛИ МУЪМИНОБОД ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ ЧОРСӮ
8 апрели соли 2025, дар доираи сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба минтақаи Кӯлоб ва ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани