МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ДАРУ ТИРЕЗАҲОИ ПЛАСТИКӢ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ДАРУ ТИРЕЗАҲОИ ПЛАСТИКӢ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ

10-04-2025, 06:56
26
0
9 апрел, дар доираи сафари кории худ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳон аз раванди сохтмони як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ дар ноҳияи Восеъ боздид ба амал оварданд. Ин боздидҳо дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтанд.
Зимни сафари корӣ, Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳи ӯ дар маросими ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ дар ноҳияи Восеъ иштирок намуданд.
Тибқи иттилои масъулон, корхонаи мазкур бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, барои рушди иқтисодиву саноатии минтақа мусоидат хоҳад кард.
Лоиҳаи сохтмони корхона бо тарҳи муосир аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Султонов Шодӣ таҳия ва амалӣ шудааст. Дар корхона 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва музди меҳнати беш аз 2000 сомонӣ ба фаъолият ҷалб гардидаанд.
Ҳангоми боздид Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба сифати корҳои сохтмонӣ ва раванди истеҳсол таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, изҳор дошт, ки бунёди чунин коргоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳо ба рушди соҳаи саноат, зиёд гардидани ҷойҳои нави корӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти сохтмонии ватанӣ бо нархи дастрас мусоидат менамояд.

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ВОСЕЪ: БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ РАФТИ СОХТМОНИ ВАРЗИШГОҲ БАРОИ 20 000 ҶОЙИ НИШАСТ
ВОСЕЪ: БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ РАФТИ СОХТМОНИ ВАРЗИШГОҲ БАРОИ 20 000 ҶОЙИ НИШАСТ
9 апрел, дар доираи сафари кории худ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон
ШАҲРИТУС: ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ШИФЕР ВА ҚУБУРҲОИ АСТБЕСТӢ
ШАҲРИТУС: ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ШИФЕР ВА ҚУБУРҲОИ АСТБЕСТӢ
1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти ба номи
КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ САНГУ ШАҒАЛ ВА БЕТОН
КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ САНГУ ШАҒАЛ ВА БЕТОН
9 апрел, дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва алюминии ҶДММ Афранг Пластик
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва алюминии ҶДММ Афранг Пластик
30 март дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин корхонаи муштараки истеҳсоли профилҳои
ВОСЕЪ: ТАДБИРҲОИ ҶИДДӢ БАРОИ ПЕШГИРИИ ХАТАРҲОИ ТАБИӢ
ВОСЕЪ: ТАДБИРҲОИ ҶИДДӢ БАРОИ ПЕШГИРИИ ХАТАРҲОИ ТАБИӢ
9 апрел, дар доираи сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Восеъ ҳайати расмӣ