МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ВОСЕЪ: ТАДБИРҲОИ ҶИДДӢ БАРОИ ПЕШГИРИИ ХАТАРҲОИ ТАБИӢ

ВОСЕЪ: ТАДБИРҲОИ ҶИДДӢ БАРОИ ПЕШГИРИИ ХАТАРҲОИ ТАБИӢ

10-04-2025, 07:05
51
0
9 апрел, дар доираи сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Восеъ ҳайати расмӣ аз ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаи Кучабоғи ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов боздид ба амал оварданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди ноҳияи Восеъ зиёда аз 30 километр мавзеъҳои осебпазир ва зери хатари обхезӣ мавҷуданд. Аз ҷумла, дар деҳаи Кучабоғ — 2600 метр, Кадучӣ — 1000 метр, мавзеъи дарёи Сурхоб — 3000 метр, деҳаи Файзобод — 1000 метр, Пушёни боло — 5000 метр ва деҳаи Гулистон — 2000 метр минтақаҳои хатарзо ба ҳисоб мераванд.
Бо мақсади пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ ва ҳифзи муҳити зист, дар деҳаи Кучабоғ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба масофаи 450 метр аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Восеъ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия амалӣ шуда истодааст.
Барои иҷрои корҳои ҷорӣ 95 ҳазор сомонӣ равона гардида, 640 адад тахтасанг бо дастгирии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рехта шуда, қисми зиёди онҳо васл гардидаанд.
Чорабиниҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои наздик ба маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои кишоварзӣ бо суръати зарурӣ идома доранд. Ин тадбирҳо на танҳо ба таъмини амнияти аҳолӣ ва муҳофизати сарвати миллӣ равона шудаанд, балки барои ҳифзи муҳити зист ва пешгирии хисорот дар мавсими баланд шудани сатҳи об нақши калидӣ мебозанд.
Зимни боздид, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода изҳор доштанд, ки татбиқи барномаҳои соҳавӣ дар самти беҳдошти ҳолати иншооти гидротехникӣ, обрасонӣ ва ҳифзи муҳити зист яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Хабарҳои дигар
ТЕМУРМАЛИК. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРӢ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР САДДИ ДАРЁИ СУРХОБ
ТЕМУРМАЛИК. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРӢ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОҲИЛМУСТАҲКАМКУНӢ ДАР САДДИ ДАРЁИ СУРХОБ
26 ноябр, сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои
ФАРХОР. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ МИНТАҚАИ ХАВФНОКИ СОҲИЛИ РОСТИ ДАРЁИ ПАНҶ
ФАРХОР. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ МИНТАҚАИ ХАВФНОКИ СОҲИЛИ РОСТИ ДАРЁИ ПАНҶ
4-уми июн дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ХУРОСОН”
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ХУРОСОН”
Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Сари пули ноҳияи Ҷайҳун ба фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Хуросон” шинос
ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ДАРУ ТИРЕЗАҲОИ ПЛАСТИКӢ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ
ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ДАРУ ТИРЕЗАҲОИ ПЛАСТИКӢ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ
9 апрел, дар доираи сафари кории худ ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон
ВОСЕЪ: БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ РАФТИ СОХТМОНИ ВАРЗИШГОҲ БАРОИ 20 000 ҶОЙИ НИШАСТ