МУЪМИНОБОД: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №37 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
Имрӯз, 8 апрел, дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳайати ҳамроҳонашон бо мақсади таъмини хонандагони деҳоти дурдаст бо шароити муосири таълимӣ ва дар доираи иҷрои нақшаи давлатии бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар деҳаи Навбаҳори ноҳияи Муъминобод муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 барои 480 нафар хонандаро мавриди истифода қарор доданд.
Ба Сарвазири мамлакат иттилоъ дода шуд, ки сохтмони мактаби мазкур дар асоси лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” бо маблағгузории Бонки Исломии Рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маблағи 6 миллиону 116 ҳазор сомонӣ аз моҳи апрели соли 2022 оғоз гардида, то охири соли 2024 бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Иншоот аз 2 ошёна иборат буда, дорои 10 синфхона, утоқи муаллимон, утоқи директори муассиса ва синфхонаҳои замонавӣ барои фанҳои химия, физика, биология, компютер ва дигар фанҳо мебошад. Дар ҳавлии мактаб буғхона, анбори ангишт ва майдончаҳои варзишӣ бо роҳравҳои бетонӣ сохта шудаанд.
Хабарҳои дигар

МУЪМИНОБОД: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ НАВИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №7 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
Имрӯз, 8 апрел, дар доираи сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, бо ҳамроҳии

ТЕМУРМАЛИК: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БИНОИ НАВИ МАКТАБИ №32-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
26 ноябр, дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВОСЕЪ: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 72 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

БАЛҶУВОН. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №24 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
Дар партави сиёсати маорифпарворонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 5 июн, дар доираи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода

ВОСЕЪ: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 480 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон