БАЛҶУВОН. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №24 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
Дар партави сиёсати маорифпарворонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 5 июн, дар доираи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Самари ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагии муассисаи таълимӣ иборат аз 2 ошёна, 10 синфхонаи таълимӣ барои 240 хонанда дар 2 баст, бо маблағи 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Бинои мазкур дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, лабораторияҳои фанҳои физика ва химия, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ, маркази гармидиҳии ягонаи буғӣ, утоқи директор ва утоқи омӯзгорон аст.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои омӯзиши касбу ҳунар ба хонандагон синфхонаи муҷаҳҳази технологияи меҳнат барои писарон ва духтарон дар алоҳидагӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳайати омӯзгорон ва кормандони муассисаи таълимӣ суҳбат намуда, дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои беҳтар ва хубтар намудани сифати таълиму тарбия дар муассиса таъкид намуданд.
Хабарҳои дигар

ФАРХОР. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №30 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
4 июн, зимни сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Дарқади

ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ шинос шуданд.

ФАРХОР. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ МИНТАҚАИ ХАВФНОКИ СОҲИЛИ РОСТИ ДАРЁИ ПАНҶ
4-уми июн дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат

Шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали донишгоҳ
14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо лоиҳаҳои

ЁВОН. ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ФАЪОЛГАРДОНИИ БАРНОМАИ “Е-KHONISH” ДАР МАКТАБИ № 75
Имрӯз, 30 май, дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаи таълимии № 75