ФАРХОР. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МАКТАБИ №30 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
4 июн, зимни сафари корӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Дарқади деҳаи Дарқади ноҳияи Фархор бинои иловагии МТМУ №30-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад.
Фармоишгари сохтмон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Маркази татбики Лоиҳаи Сохтмон ва муҷаҳазгардониии мактабҳо» буда, пудратчии сохтмон ҶДММ «Биносоз-2015» мебошад.
Сохтмони муассисаи номбурда соли 2023 оғоз шуда, маблағи харҷномавии иншоот 463 ҳазору 804 доллари амрикоиро ташкил дода, маблағгузор Бонки Саудии Рушд аст.
Бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум кабинети физика, биография, химия, маркази таълимии инкишофи кӯдак ва 1 адад синфхона буда, дар ошёнаи дуюм утоқи кории директори муассиса, синфхонаи компютерӣ, хонаи омузгорон ва 4 адад синфхона ҷойгир шудааст. Дар ҳудуди бинои нав барои муассисса ҳоҷатхона ва анбор барои гармидиҳии бинои нав аз тарафи пудратчии сохтмон ҶДММ «Биносоз-2015» сохта шудааст. Айни замон корҳои сохтмонӣ барои майдончаи варзишӣ идома дорад.
Қоҳир Расулзода, Сарвазири мамлакат зимни суҳбат бо омӯзгорону хонандагон иброз намуданд, ки Ҳукумати мамлакат имрӯзҳо барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи насли наврас диққати махсус медиҳад.
Хабарҳои дигар

БАЛҶУВОН. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №24 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
Дар партави сиёсати маорифпарворонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 5 июн, дар доираи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ТУРКМАНИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 3 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо сафири фавқулодда ва мухтори Туркманистон

ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ шинос шуданд.

Шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали донишгоҳ
14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо лоиҳаҳои

ФАРХОР. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ МИНТАҚАИ ХАВФНОКИ СОҲИЛИ РОСТИ ДАРЁИ ПАНҶ
4-уми июн дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат