ЁВОН. ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ФАЪОЛГАРДОНИИ БАРНОМАИ “Е-KHONISH” ДАР МАКТАБИ № 75
Имрӯз, 30 май, дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаи таълимии № 75 ба номи Бобиев Муҳаммад, воқеъ дар кӯчаи Кароматулло Қурбонови ҷамоати шаҳраки Ёвон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид маросими фаъолгардонии аввалин барномаи инноватсионии "Е-KHONISH" сурат гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 75 ба номи Кароматулло Қурбонов соли 1968 таъсис ёфта, аз 2 ошёна иборат аст. Айни замон дар муассисаи мазкур 59 нафар омӯзгорон ба 1730 нафар хонандагон илму дониш меомӯзонанд.
Дастгоҳу таҷҳизотҳои Барномаи "Е-KHONISH" дар муассисаи таълимии мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷуръат” дастрас ва васлу насб гардидааст. Дар муассиса 33 синфхонаҳо мавҷуд буда, то ин ҷониб 20 адад камераҳои навъи IP Hikvision 2 MP насб карда шудааст.
Раиси вилоят аз синфхонаҳои таълимии муассиса дидан намуда, бо омӯзгорону хонандагон сӯҳбати озод намуданд.
Аз ҷониби директори генералии Ташкилоти ҷамъиятии "Ҷуръат" Хушвахтов Саъдӣ тариқи слайдҳо маълумоти пурра оид ба кор дар барнома ва нозукиҳои он маълумот манзур карда шуд.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон иброз намуданд, ки Ҳукумати мамлакат имрӯзҳо барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи насли наврас корҳои назаррасеро ба анҷом расонида истодааст.
- Тасдиқ намудани "Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2042" яке аз қадамҳои устувор аст. Ҳадаф аз гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ин пеш аз ҳама тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва ба талаботи давр мутобиқ намудани он мебошад, - афзуд раиси вилоят.
Барномаи мазкур ҷиҳати рақамикунонии соҳаи маориф мусоидат намуда, вазорати маориф, раёсати маориф, падару модар, хонандагон ва омӯзгорон аз ҷараёни таълиму тарбия огоҳ мегарданд.
Хабарҳои дигар

Шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ва кӯдакистону гармхона дар ҳудуди филиали донишгоҳ
14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бо лоиҳаҳои

ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ шинос шуданд.

ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САХОВАТ”
30 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти ҷамъоварии картошка ва намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Саховат», воқеъ дар

ЁВОН. БОЗДИД АЗ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ХАТТИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ АМСТРОНГ
Имрӯз, 12 апрел, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ёвон аз рафти корҳои сохтмонии хатти нави истеҳсоли амстронг дар

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САФИРИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ТУРКМАНИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 3 май, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо сафири фавқулодда ва мухтори Туркманистон