ТЕМУРМАЛИК: САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БИНОИ НАВИ МАКТАБИ №32-РО ИФТИТОҲ НАМУДАНД
26 ноябр, дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим дар деҳаи Офтобруяи ҷамоати деҳоти Чилчаҳи ноҳияи Темурмалик бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 32-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи амалишавии Лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф" аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна" барои 480 хонанда дар ду баст бунёд карда шудааст. Дар рафти сохтмон беш аз 30 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.
Муассисаи замонавии таълимӣ дуошёна буда, аз 10 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, синфхонаҳои технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони муассисаи мазкур соли 2022 оғоз гардида, фармоишгари он Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лоиҳаи иншоот бо тарҳи муосир аз тарафи «Намояндаи инжиниринг консултантс ЕНД ассосиатиес лимитед дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва тарҳрезӣ шудааст. Иншооти мазкур аз тарафи пудратчӣ ҶСП «Моналит 05» ба анҷом расонида шудааст.
Роҳравҳои ҳавлии муассисаи таълимӣ ба масоҳати 285 метри мураббаъ бо тахтасангҳои ороишӣ сафолакпӯш карда шуда, гирду атрофи муассиса бо 16 адад чароғакҳои равшандиҳандаи замонавӣ чароғон карда шудааст.
Пас аз шиносоӣ бо шароити таълим дар мактаби нав Сарвазири мамлакат ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таваҷҷуҳи омӯзгоронро ба сатҳу сифати таълим ҷалб карданд.
Зимни боздид Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, чунин иқдомҳои бунёдкоронаро боиси таҳсину дастгирӣ арзёбӣ намуданд.
Хабарҳои дигар

ТЕМУРМАЛИК: ИФТИТОҲИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 480 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
26 ноябр, зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲАИ ОСТОНА
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия

ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲАИ ОЛАМАФРӮЗ
19 сентябр, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара бо иштироки раиси

ШАҲРИТУС: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 14 БАРОИ 480 ҶОЙИ НИШАСТ
1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус

ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 46 ДАР ДЕҲАИ САФЕДСАНГ
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия