МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ШАҲРИТУС: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 14 БАРОИ 480 ҶОЙИ НИШАСТ

ШАҲРИТУС: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 14 БАРОИ 480 ҶОЙИ НИШАСТ

2-10-2024, 06:48
62
0
1 октябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳамкориҳо бо шарикони рушд сохта шудааст.
Бинои муассисаи нави таълимӣ дуошёна буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Муассисаи замонавии таълимӣ аз 10 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, синфхонаҳои технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Ҳадаф аз бунёд ва ба истифода супоридани муассисаи нави таълимӣ, идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ин восита беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва тарбияи хонандагони болаёқат дар рӯҳияи донишомӯзӣ ва ватандӯстӣ мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф соли 2022 оғоз гардида, он дар заминаи амалишавии Лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф" аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна" бунёд карда шудааст. Дар рафти сохтмон беш аз 30 нафар сокинон ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо шароити фароҳамовардашуда дар даргоҳи нави маърифат шинос шуда, бо омӯзгорону хонандагони муассиса суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Таъкид гардид, ки дар шароити имрӯз донистани забонҳои хориҷӣ шарт ва зарур буда, дар беҳсозии шароити зиндагии мо нақши муассир дорад ва рисолати аслии омӯзгорон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва забономӯзӣ тарбия намудани насли наврас мебошад.
Маорифчиён аз чунин туҳфаи зебо изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбият менамоянд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲАИ ОСТОНА
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲАИ ОСТОНА
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲАИ ОЛАМАФРӮЗ
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ ДАР ДЕҲАИ ОЛАМАФРӮЗ
19 сентябр, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара бо иштироки раиси
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 46 ДАР ДЕҲАИ САФЕДСАНГ
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 46 ДАР ДЕҲАИ САФЕДСАНГ
Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 87 ДАР ДЕҲАИ САФОБАХШ
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 87 ДАР ДЕҲАИ САФОБАХШ
19 сентябр, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара раиси вилояти Хатлон
БАЛҶУВОН. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №24 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
БАЛҶУВОН. ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №24 БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
Дар партави сиёсати маорифпарворонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 5 июн, дар доираи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода