МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » ИШТИРОК ДАР ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ВА БОЗДИД АЗ НАШЪУНАМОИ КАРТОШКА ВА КАРАМ

ИШТИРОК ДАР ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ВА БОЗДИД АЗ НАШЪУНАМОИ КАРТОШКА ВА КАРАМ

14-03-2025, 15:24
69
0
 
Имрӯз, 14 март, зимни мулоқот бо хоҷагидорон ва масъулини ноҳияи Дӯстӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид истифодаи самараноки обу замин ва риояи талаботи агротехникиро барои афзун намудани ҳосилнокии зироати техникӣ таъкид намуданд.
Зикр гардид, ки аҳли заҳмати ноҳияи Дӯстӣ дар самти парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ пешсаф буда, бо баргузории семинарҳои омӯзишӣ ва татбиқи чорабиниҳои муҳими кишоварзӣ ҳамасола ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид инчунин дар маъракаи оғози кишти пахта бо усули муосир дар хоҷагиҳои деҳқонии «Ҷамолиддин» ва «Уралбобо» иштирок намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ин хоҷагиҳо дар алоҳидагӣ 13 гектар замини корам дошта, дар 7 гектари он бо усули муосир кишти пунбадона анҷом медиҳанд.
Ба гуфтаи кишоварзони соҳибтаҷриба, ин усул ба коҳиши хароҷот ва афзоиши ҳосил мусоидат менамояд. Масалан, ҳангоми истифодаи технологияи зери плёнка ҳосилнокӣ то 58 сентнер аз ҳар гектар мерасад, ки нисбат ба усули анъанавӣ бештар мебошад.
Бо назардошти дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат ба масъулини мақомот ва идораҳои дахлдор барои рушди соҳаи кишоварзӣ доданд, имсол дар вилояти Хатлон 124,5 ҳазор гектар пунбадона кишт мегардад, ки аз ин 41 ҳазор гектараш бо усули муосир анҷом дода мешавад.
Зимни суҳбат бо масъулини ноҳияи Дӯстӣ, раиси вилоят таъкид намуданд, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд.
Раиси вилоят ҳамзамон иброз доштанд, ки масъулин бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва технологияҳои муосир ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамчунин, аҳамияти таъмини саривақтии кишоварзон бо тухмии хушсифат, нуриҳои минералӣ ва техникаи зарурӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Раиси вилоят иброз доштанд, ки идораҳои дахлдор дар ин самт ҳамкории наздикро бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ширкатҳои кишоварзӣ тақвият бахшанд.
Деҳқонон аз таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят ба рушди соҳаи кишоварзӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки бо истифода аз таҷриба ва усулҳои пешрафтаи кишоварзӣ, барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланд кӯшиш хоҳанд кард.
Қайд гардид, ки бо роҳандозии технологияҳои муосир ва андешидани тадбирҳои зарурӣ, имконияти боз ҳам беҳтар намудани ҳосилнокии пахта ва рушди бахши кишоварзӣ дар вилоят мавҷуд мебошад.
Инчунин, раиси вилоят аз нашъунамои картошка ва карам боздид намуда, ба кори деҳқонон баҳои баланд доданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ХАТЛОН: ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР ҶСП «ҶУНТАЙ ХАТЛОН СИН СИЛУ»
ХАТЛОН: ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР ҶСП «ҶУНТАЙ ХАТЛОН СИН СИЛУ»
Имрӯз, 14 март, дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни кишти пунбадона, ки бо усули муосир ва зери плёнка анҷом дода
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
Субҳи имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии “Иброҳим”, воқеъ дар деҳаи
ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
ОҒОЗИ КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ САБЗӢ ВА ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ САБЗӢ ВА ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ
13 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷамъоварии ҳосили сабзӣ ва нашъунамои пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии “Меваҳои Истиқлолият”,
ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
Имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили картошка