НОРАК: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ
Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023, № 544 Барномаи миллии «Кишвари сабз»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, имрӯз 10 март, дар шаҳри Норак бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид маъракаи шинонидани дарахтони ҳамешасабз баргузор гардид.
Мақсад аз ин иқдом амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри табдил додани кишвари азизамон ба кишвари сабз ба ҳисоб мерафт.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон таъкид намуданд, ки дар тамоми гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ, роҳҳои маҳаллӣ ва талу теппаҳо маъракаи ниҳолшинонӣ вусъат дода шавад.
Дар ин маъракаи сабзу хуррамгардонӣ наздики 1000 бех арча шинонида шуд. Аз аввали мавсим то имрӯз дар талу теппаҳо ва дохили шаҳри Норак 19000 дарахтони гуногуни ороишӣ шинонида шудааст.
Бояд зикр намуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон то имрӯз беш аз 500 ҳазор бех дарахти ороишиву сояафкан шинонида шудааст, ки 125 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023 таҳти рақами 544 Барномаи миллии «Кишвари сабз» -и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 тасдиқ гардид, ки тибқи он то охири соли 2025 дар масоҳати беш аз 4 ҳазор гектар шинондани 65 миллион дарахту бутта ба нақша гирифта шудааст.
Хабарҳои дигар

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ
Имрӯз, 18 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҷамоати деҳоти Якатут дар маъракаи

ДАРАХТИ МАН САРСАБЗИИ ТОҶИКИСТОН АСТ!
Имрӯз, 25 январ, дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар назди бинои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон баргузор гардид, бо иштироки

ВАХШ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ, БОЗДИД АЗ ДАЙРИ БУДДОИИ АҶИНАТЕППА
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми

ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ХАТЛОН
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон

ДӮСТӢ: РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ИШТИРОК НАМУДАНД
Дар Дӯстӣ имрӯзҳо корҳои ободониву созандагӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити зист бомаром идома дорад. Имрӯз, 31 январ, дар идома аз ин тадбир бо