МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАЙДОНИ "70-СОЛАГИИ АЗХУДКУНИИ ВОДИИ ВАХШ" ВА ТЕППАИ ҚУРҒОН

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАЙДОНИ "70-СОЛАГИИ АЗХУДКУНИИ ВОДИИ ВАХШ" ВА ТЕППАИ ҚУРҒОН

26-02-2025, 09:43
33
0
Имрӯз, 26 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Рахмоналӣ аз майдони "70-солагии азхудкунии Водии Вахш" ва теппаи Қурғон дар шаҳри Бохтар боздид намуданд.
Раиси вилоят дар майдони "70-солагии азхудкунии Водии Вахш" аз руде, ки аз миёни ин майдон мегузарад ва бинобар сабаби боришоти барфу борон деворпояҳои паҳлӯи он ба ҳолати садамавӣ дучор шудаанд, боздид намуда, барои рафъи ин мушкилот ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар теппаи Қурғон, ки соли 1999 бозсозӣ шуда, ба ифтихори ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, то чанд муддат пеш осорхонаи таъриху кишваршиносии "Бибихонум"-и шаҳри Бохтар воқеъ буд.
Теппаи Қӯрғон маъруфтарин иншооти таърихӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар маҳсуб гардида, мавзеи тамошои садҳо сайёҳони ватаниву хориҷӣ маҳсуб меёбад, аммо бо сабаби садамавӣ буданаш ҳоло дарҳои худро бастааст.
Раиси вилоят ба масъулон дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри сохтмони теппаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД
НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз, 12 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндаи воситаҳои ахбори омма натиҷаҳои рушди иқтисодию
САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИДАНД
САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИДАНД
2 сентябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Сари пули ҷамоати деҳоти Панҷи
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОМОДАГӢ БАР ЗИДДИ МАЛАХ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОМОДАГӢ БАР ЗИДДИ МАЛАХ
Имрӯз, 17 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода аз Филиали Муассиаи давлатии «Экспедитсияи
САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ ВАХШ
САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ ВАХШ
Зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода аз фаъолияти кишоварзони ноҳияи Вахш шиносоӣ
ФАРХОР. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ МИНТАҚАИ ХАВФНОКИ СОҲИЛИ РОСТИ ДАРЁИ ПАНҶ
ФАРХОР. БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ МИНТАҚАИ ХАВФНОКИ СОҲИЛИ РОСТИ ДАРЁИ ПАНҶ
4-уми июн дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат