САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ ВАХШ

17-02-2025, 16:16
118
0
17.02.2025. Зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода аз фаъолияти кишоварзони ноҳияи Вахш шиносоӣ пайдо намуда, дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳия аз кооперативи тиҷоратӣ-тухмипарварии "Нуфузи Вахш" дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки кооперативи мазкур дорои 54 гектар замини корами обӣ буда, дар майдони 3 гектари он картошка кишт намуда, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Инчунин, хоҷагидор имсол дар майдони 46 гектар кишти пунбадона мегузаронанд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зикр доштанд, ки дар низоми иқтисодии минтақа бахши кишоварзӣ афзалияти хоса дорад. Аз ин рӯ, ба масъулони ноҳиявӣ дастур доданд, ки ба бахшҳои алоҳидаи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла картошкапарварӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
ҚУБОДИЁН. БОЗДИД АЗ РАФТИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ОЙБАҲОР”
ҚУБОДИЁН. БОЗДИД АЗ РАФТИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ОЙБАҲОР”
Имрӯз, 31 январ, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Қубодиён ба рафти кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИБРОҲИМ”
Субҳи имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонии “Иброҳим”, воқеъ дар деҳаи
Боздид аз Кооперативи тиҷоратии “Турахон Исанқулов”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Боздид аз Кооперативи тиҷоратии “Турахон Исанқулов”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САХОВАТ”
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “САХОВАТ”
30 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз рафти ҷамъоварии картошка ва намоиши маҳсулотҳои кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии «Саховат», воқеъ дар
ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
ПАНҶ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ ДАВРОН
Имрӯз, 16 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ аз самаранок истифодабарии замин ва ҷамъоварии ҳосили картошка