РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АФСАРОНУ АСКАРОНРО БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ТАБРИК НАМУДАНД
Имрӯз, 22 феврал, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба қисми ҳарбии 07017-и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён рафта, афсарону сарбозонро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ шодбош гуфтанд.
Раиси вилоят бо шароити будубоши сарбозон дар қисми низомӣ шинос шуда, ба маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар майдони 4 гектар ташкил шуда буд, ҳусни оғоз бахшиданд.
Раиси вилоят бо сарбозон суҳбати самимиву ошкоро намуда, зимни суҳбат таъкид гардид, ки шароити қисми низомӣ барои сарбозон хуб ба роҳ монда шуда, ҳамасола садҳо ҷавон дар ин даргоҳ адои хизмати Ватан-Модар намуда, ба назди оилаи хеш бо сари баланд бармегарданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ҳамзамон зимни вохуриҳо таъкид намуданд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро баҳри ҳимояи дастовардҳои замони истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ба хизмати содиқона сафарбар созанд.
- Мо итминони комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят вазифаи бошарафу муқаддаси худ - ҳимояи Ватани маҳбубамонро минбаъд низ сарбаландона, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамоянд, - афзуд раиси вилоят зимни суханронии хеш.
Инчунин, раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба фарзандони бонангу номус, ки имрӯз сарбаландона хизмати Модар-Ватанро ба ҷо оварда истодаанд, минатдорӣ баён намуда, бо гузоштани дастхат як миқдор китоб ба сарбозони шуҷои Ватан тақдим намуданд.
Хабарҳои дигар

РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ТАБРИКИ САРБОЗОН РАФТ
Имрӯз, 21 феврал, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон! Ҳамватанони азиз! Имрӯз аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи

СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР МАРОСИМИ ТАНТАНАВИИ “РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА” ШАҲРИ БОХТАР, 2 ОКТЯБРИ СОЛИ 2024
Муҳтарам даъватшавандагон, Афсарону сарбозон, Падару модарони гиромӣ! Бо камоли ифтихор Шумо ҷавонони матину қавииродаи Хатлонзаминро барои шарафёб

АКСИЯИ "КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН"
Бо дастхат аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамчун туҳфа ба сарбози шуҷои Ватан, дар арафаи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар паради ҳарбӣ ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
22 феврал дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии