РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ТАБРИКИ САРБОЗОН РАФТ

21-02-2025, 14:05
92
0
Имрӯз, 21 феврал, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба дидорбинии сарбозону афсарони Раёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон рафта, онҳоро бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Муссалаҳи кишвар табрику таҳният намуданд.
Зимни суҳбати озод раиси вилояти Хатлон таъкид намуданд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро баҳри ҳимояи дастовардҳои замони Истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ба хизмати содиқона сафарбар созанд.
- Боис ба зикри хос аст, ки дар шароити мураккаби таҳдиду хатарҳои замони муосир ҳифзи марзу буми мамлакат масъулияти асосии хизматчиёни ҳарбӣ буда, дар чунин шароит бояд зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳама арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд, - афзуд раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид.
Дар ин ҷо китоб бо дастхат аз ҷониби раиси вилоят ба сарбозони шуҷои Ватан тақдим гардид. Ғайр аз ин як миқдор китобҳои бадеӣ ба сарбозон туҳфа шуд.
Сипас, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар сари як дасторхон бо сарбозон нишаста, суҳбати самимӣ анҷом доданд ва аз ҳолу аҳвол ва шарту шароити хизмат пурсон гардиданд.
Инчунин, барои болидахотирии афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби санъаткорон ташкил карда шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
Иштирок дар паради ҳарбӣ бахшида ба 30-солагии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти марзбонони Ватан
Иштирок дар паради ҳарбӣ бахшида ба 30-солагии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти марзбонони Ватан
28 май дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси
Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ
Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ
28 май дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН
Ҷавонони саодатманди Хатлонзамин! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки рамзи эътимоду пуштибонии давлат аз ин қишри фаъолу
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР МАРОСИМИ ТАНТАНАВИИ “РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА” ШАҲРИ БОХТАР, 2 ОКТЯБРИ СОЛИ 2024
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР МАРОСИМИ ТАНТАНАВИИ “РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА” ШАҲРИ БОХТАР, 2 ОКТЯБРИ СОЛИ 2024
Муҳтарам даъватшавандагон, Афсарону сарбозон, Падару модарони гиромӣ! Бо камоли ифтихор Шумо ҷавонони матину қавииродаи Хатлонзаминро барои шарафёб
Гузоштани санги асос ба оғози корҳои сохтмонии панҷ бинои истиқоматии 16-ошёна дар Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ
Гузоштани санги асос ба оғози корҳои сохтмонии панҷ бинои истиқоматии 16-ошёна дар Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ
28 май дар маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти