БОХТАР: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАВАНДИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БИНОИ МАКТАБИ №6, СУҲБАТ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН ВА ХОНАНДАГОН
Имруз, 21 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и шаҳри Бохтар шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз 5 ошёна, 33 синфхона бо таҳхона ва толори маҷлисгоҳ барои 640 нафар хонанда дар як баст иборат мебошад. Иншооти мазкур бо маблағи умумии 10 миллион сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳали ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар сохта шуда истодааст.
Раиси вилоят ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, ба масъулин дастур доданд, ки корҳои сохтмонӣ босифат ба анҷом расонида шавад.
Инчунин, раиси вилоят дар саҳни муассиса дарахти ороишӣ шинонида, ҷиҳати сарсабзу зебо намудани иншоот ба масъулин дастур доданд.
Сипас, дар ин ҷо интихобхонандагон ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии Бохтар-1 суҳбати самимӣ намуданд.
Зикр гардид, ки интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ буда, ба шаҳрвандон имконият медиҳад, то номзади арзандаи худро интихоб намоянд.
Раиси вилоят аз участкаи интихоботии дохили муассиса дидан намуда, бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуданд.
Хабарҳои дигар

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР
Имрӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо рафти корҳои сохтмонии бинои таълимӣ дар назди Муассисаи давлатии таълимии "Колеҷи тиббии шаҳри

ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
Имрӯз, 4 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ шинос шуданд.

БОХТАР. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ КОРҲОИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Имрӯз, 18 апрел, дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ

БАЛҶУВОН. САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ВА ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Имрӯз, 25 ноябр раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида

ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ
13 декабр, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти корҳои сохтмонӣ