МАРКАЗИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ ВА КОММУНИКАТСИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН » Раиси вилоят » БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ ОМОДАГИИ ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗӢ БА КИШТУ КОРИ БАҲОРӢ

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ ОМОДАГИИ ТЕХНИКАҲОИ КИШОВАРЗӢ БА КИШТУ КОРИ БАҲОРӢ

18-02-2025, 10:43
50
0
Имрӯз, 18 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҷамоати шаҳраки Ҷомӣ аз омодагии техникаи кишоварзӣ барои оғози кишту кори баҳорӣ шинос шуда, техникаҳои кишоварзӣ аз санҷиши техникӣ гузаронида шуданд.
Раиси вилояти Хатлон бо хоҷагидорон сӯҳбат намуда, оид ба банду басти мошинҳои кишоварзӣ, ҷобаҷогузории дурусти қисмҳо ва пунбашинонаку тухмипошакҳо маслиҳатҳои муфид доданд.
Раиси вилоят ва меҳмонон аз омодагии техника ва мошинолоти кишоварзӣ дидан намуда, дар хатти тайёр зиёда аз 100 адад техника ва 30 адад тухмипошакҳо омода буданд.
Зимни боздид аз техникаи кишоварзӣ ба механизаторон, хоҷагидорон ва масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур дода шуд, ки то оғози кишту кор техникаи заруриро тибқи қоидаҳои агротехникӣ ба кор омада созанд.
Заҳматкашони вилояти Хатлон бо истифода аз тавсияи мутахассисони соҳа ва анҷом додани кишти дилхоҳ зироат дар муҳлатҳои пешбинишуда ҳамасола ҳосили фаровон ба даст меоранд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 
Хабарҳои дигар
САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИДАНД
САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МАЪРАКАИ ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ҲУСНИ ОҒОЗ БАХШИДАНД
2 сентябр, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Сари пули ҷамоати деҳоти Панҷи
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ГАРМХОНАҲОИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ЯХАКПАСТ»
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ГАРМХОНАҲОИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ЯХАКПАСТ»
Имрӯз, 18 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз самаранок истифодабарии замин дар гармхонаҳои
Ифтитоҳи гармхонаи ҶДММ “Сабзавоти Кӯҳистон” дар ноҳияи Рӯшон
Ифтитоҳи гармхонаи ҶДММ “Сабзавоти Кӯҳистон” дар ноҳияи Рӯшон
12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯшон аз гармхонаи ҶДММ “Сабзавоти
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОМОДАГӢ БАР ЗИДДИ МАЛАХ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОМОДАГӢ БАР ЗИДДИ МАЛАХ
Имрӯз, 17 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода аз Филиали Муассиаи давлатии «Экспедитсияи
ҶОМӢ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
ҶОМӢ. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ
16 август, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ шинос