БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БИНОИ ФЕРМАИ ПАРВАРИШИ ПАРРАНДА
Имрӯз, 18 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи ба номи Нусратулло Махсуми ҷамоати деҳоти Вахшони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои фермаи парвариши парранда шинос шуданд.
Бо мақсади дар амал татбиқ татбиқ намудани дастуру супоришҳои ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат оид ба самараноку оқилона истифода бурдани замин ва фароҳам овардани шароити корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷаи давлат дар асоси қарори раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз соли 2007 хоҷагии деҳқонии «Бобои Гулӣ» дар масоҳати умумии қитъаи замин 4,5 гектар ташкил карда шуда, дар заминаи он дар масоҳати 960 метри мураббаъ сохтмони фермаи парвариши парранда барои 10 ҳазор сар мурғ ба анҷом расонида шуд.
Масоҳати умумии зери сохтмони иншоот 960 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки дар ин замина корҳои сохтмонӣ, чароғонкунӣ, ниҳолшинонӣ, гулу гулбуттаҳо ва шинонидани ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ ҷиҳати ободу зебо гардонидани муҳити атроф дар доираи нақша идома дорад.
Аснои шиносоӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба соҳибкор барои саҳми арзанда гузоштан дар ободии диёр изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат барои бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ ва рушди соҳаи паррандарварию моҳипарварӣ шароити лозимаро фароҳам овардааст, дар ин росто танҳо масъулияти баланд ва ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ метавонад дар самти ба даст омадани муваффақиятҳои баланд замина гузорад.
Хабарҳои дигар

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ГАРМХОНАҲОИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ЯХАКПАСТ»
Имрӯз, 18 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз самаранок истифодабарии замин дар гармхонаҳои

НОСИРИ ХУСРАВ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ ТОКЗОРИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ВАСИЛА”
7 июн, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Носири Хусрав бо фаъолияти токзори хоҷагии деҳқонии “Васила” шинос

ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ФАБРИКАИ ПАРВАРИШИ МУРҒИ ГУШТӢ
5 сентябр, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва сардори

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ
Имрӯз, 18 феврал, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҷамоати деҳоти Якатут дар маъракаи

ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ВАЗЪИ НАШЪУНАМОИ ДАРАХТОНИ СОЯАФКАНУ ОРОИШӢ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии "Бустонқалъа"-и ноҳияи Кӯшониён бо вазъи нашъунамои